Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти қавӣ аз тарҳи марбут ба Тоҷикистон


Мулоқоти Ҳомиди Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ бо Роберт Золлик, мудири Бонки ҷаҳонӣ
Мулоқоти Ҳомиди Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ бо Роберт Золлик, мудири Бонки ҷаҳонӣ

Президентҳои Покистону Афғонистон аз тарҳи 680 миллиондолларии бунёди шабакаи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба ин ду кишвар ҳимоят карданд.

Президентҳои Афғонистону Покистон аз тарҳи 680 миллиондолларии бунёди шабакаи баландшиддати барқ ҳимоят карданд, ки нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба он ду кишвар интиқол хоҳад дод.

Ҳомиди Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ баъди мулоқот бо Роберт Золлик, мудири Бонки ҷаҳонӣ дар Вошингтон як баёнияи муштаракеро дар шаҳри Вашингтон нашр карданд. Шабакаи азими мазкур, ки Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд тарафдори бунёди онанд, қарор аст, нерӯи барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли тобистон ба шаҳри Кобул ва манотиқи шимолуғарбии Покистон интиқол диҳад.

Роберт Золлик дар баёнияе гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо манобеи азими энержии худ имкон доранд ниёзҳои дохилии худро бароварда сохта ва ҳамчунин ба кишварҳои ниёзманд ба энержии Осиёи Ҷанубӣ кӯмак кунанд.
XS
SM
MD
LG