Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимояти қавӣ аз тарҳи марбут ба Тоҷикистон


Раиси ҷумҳурони Афғонистону Покистон аз тарҳи 680 миллиондолларии бунёди шабакаи баландшиддати барқ ҳимоят карданд, ки нерӯи барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистонро ба он ду кишвар интиқол хоҳад дод. Ҳомиди Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ баъди мулоқот бо Роберт Золлик – мудири Бонки Ҷаҳонӣ дар ин маврид як баёнияи муштаракеро дар шаҳри Вашингтон нашр карданд. Шабакаи азими мазкур, ки Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Исломии Рушд тарафдори бунёди онанд, қарор аст, нерӯи барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли тобистон ба шаҳри Кобул ва манотиқи шимолуғарбии Покистон интиқол диҳад. Роберт Золлик дар баёнияе гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо манобеъи азими энержии худ, имкон доранд, ниёзҳои дохилии худро бароварда сохта ва ҳамчунин ба кишварҳои ниёзманд ба энержии Осиёи Ҷанубӣ кӯмак кунанд.
XS
SM
MD
LG