Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон имсол рӯзи пирӯзӣ бар фашизми Олмон чун мисли солҳои гузашта пуршукӯҳ таҷлил нашуд.

Тоҷикистон, ки дар замони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ҳазорон фарзанди худро талаф додааст, имсол ба хотири ҷашни ғалаба раҳпаймоии низомӣ баргузор накард.

Рӯзи 9-уми май бахшида ба 64-умин солгарди пирӯзӣ дар боғи Ғалабаи Душанбе бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, маросими гузоштани гулчанбар дар назди гулхани ҷовидонӣ баргузор шуд. Дар маросими таҷлил аз ин ид собиқадорони ҷанг, мақомоти олирутба ва дипломатҳои хориҷӣ ширкат карданд. Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи маросим, собиқадорон ва мардуми Тоҷикистонро бо 64-умин солгарди рӯзи пирӯзӣ табрик гуфт ва аз талафоти Тоҷикистон дар солҳои 1941 то соли 1945 ёдовар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ бархоста буданд, халқи Тоҷикистон низ саҳми ба худ муносиб гузоштааст. Вай афзуд, беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд. Дар он давраи мудҳиш дар ватани мо кам хонадонеро дучор омадан мумкин буд, ки доғи он ҷанги хонумонсӯзро надида бошад.

Аз миёни фарзандони Тоҷикистон, ки барои ҷанг ба зидди фашистони олмон фиристода шуданд, 55 нафари онҳо бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфазор шудаанд, ки унвони баландтарин ва мӯътабартарин дар он замон маҳсуб мешуд. Ҳоло дар Тоҷикистон танҳо 4500 собиқадоронии ҷанги бузурги ватанӣ боқӣ мондаанд ва Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш гуфт, ки ҳукумат дар ҳаққи ин афрод ғамхорӣ мекунад. Дар остонаи ҷашн ҳукумат дастур дод, то ба ҳар як собиқадорони ҷанги камшумор дар Тоҷикистон 350 сомонӣ, баробар ба тақрибан 100 доллар, кӯмаки молӣ карда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG