Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси таслиҳоти ҳастаӣ дар Ню-Йорк


Корхонаи тавлиди плутониум дар Томски Русия

Корхонаи тавлиди плутониум дар Томски Русия

СММ ба баҳси роҳҳои коҳиш додани теъдоди силоҳҳои ҳастаӣ дар кишварҳои ҷаҳон пардохтааст.

Дар моҳи апрел Барак Обама ва Дмитрий Медведев, руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия – ду бузургтарин қудрати ҳастаии дунё - коҳиш додани теъдоди таслиҳоти ҳастаиро коре ба манфиати ҳардуҷониб арзёбӣ карданд. Сар аз 4 май Кумитаи муқаддамотии Паймони манъи густариши таслиҳоти ҳастаӣ дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ба баҳси ислоҳи ин созишномаи ҷаҳонӣ шуруӯъ карданд. Баҳси ин масъала дар қароргоҳи СММ то 15 июн идома ёфта, рӯи масоиле, назари манъи густариши таслиҳоти ҳастаӣ, халъи силоҳ ва баҳрабардорӣ аз нирӯи ҳастаӣ бо аҳдофи ғайринизомӣ тамаркуз хоҳад кард.

Аммо дидгоҳи Амрико, бузургтарин қудрати ҳастаии ҷаҳони муосир дар қиболи ин ҳама баҳси масоили ҳастаӣ чист? Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи 5 апрел, дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, дидгоҳи худ пиромуни таҳдидҳои ношӣ аз густариши силоҳҳои ҳастаӣ ва роҳҳои ба ҳадафи ниҳоӣ - комилан аз байн бурдани чунин силоҳҳо – даст ёфтани Амрикоро баён кард ва аз ҷумла гуфт: "Ҳамчун танҳо қудрати ҳастаие, ки аз силоҳи атомӣ истифода кардааст, ИМА ҳаққи маънавӣ барои иқдом дорад. Мо ба танҳоӣ дар ин талоши худ муваффақ шуда наметавонем, аммо метавонем ин талошҳоро раҳбарӣ кунем, ё шурӯъе бубахшем. Аз ин рӯ, имрӯз ман дақиқ ва бо боварӣ дар бораи ӯҳдадории Амрико дар баробари сулҳ ва амният дар ҷаҳони бидуни силоҳи ҳастаӣ изҳорот медиҳам".

Ёвари вазири хориҷаи Амрико Роуз Готтемёллер раҳбарии ҳайъати ин кишвар дар музокироти ҳастаӣ ва ҳам дар нишасти кумитаи муқаддамотии Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ дар СММ-ро бар ӯҳда дорад. Хонум Готтемёллер дар пайи шурӯъи ин нишаст ба хабарнигорон гуфт, маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама сахт пойбанди асли коҳиши таслиҳоти ҳастаист, вале, ба гуфтаи ӯ, тавлиди чунин силоҳҳоро наметавон дар як шаб қатъ кард: “Аммо ин кор бо як шеваи хеле мутавозин, ки то замони вуҷуди силоҳҳои ҳастаӣ муассирият, ҳифз, амният ва эътимод ба таслиҳоти Амрикро тазмин диҳад, бояд анҷом биёбад.” Роуз Готтемёллер мегӯяд, Амрико сарсахтона ба иҷрои бархе аз нукоти калидии паймонҳои ҷаҳонии халъи силоҳ таъкид варзида, ба вижа дар мавриди тасвиби Паймони манъи озмоишҳои ҳастаӣ ва идомаи музокирот бар сари Паймони манъи фурӯши маводи ҳастаӣ пойфишорӣ мекунад.

Як мавзӯъи умдаи баҳси масоили ҳастаӣ дар қароргоҳи СММ Ҳинд хоҳад шуд. Ҳинд бо ин вуҷуд, ки Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро то ҳол имзо накардааст, бо Амрико як қарордоди хоси ҳастаӣ бастааст. Аз хонум Готтемёллер пурсиданд, вақте як кишвар бо вуҷуди саркашӣ аз тасвиби Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ба ҷои муҷозот, баръакс чунин тақдир мешавад, оё ин навъ муомила кишварҳои дигарро низ ба сӯи сарпечӣ аз тасвиби ин паймон ташвиқ нахоҳад кард? Раҳбари ҳайъати Амрико дар музокироти масоили ҳастаӣ дар посух гуфт: “Мо ҳеҷ гоҳ пуштибонии худ, ва бояд бигӯям, пуштибонии қавии Амрико аз тадобири фароггиреро, ки Ҳиндустон ва ҳамин тавр, Покистону Исроилро барои пайвастан ба ин паймон ташвиқ карда, Кореяи шимолиро дубора ба домани он баргардонад, пушти парда пинҳон намекунем.”

Бо вуҷуди худдории Ҳинд аз пайвастан ба Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ, Роуз Готтемёллер гуфт, Деҳлии нав аз азми худ барои ҳамкорӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби як силсила паймонҳои марбут ба ҷилавгирӣ аз тавсиъаи силоҳҳои ҳастаӣ, аломат додааст. Ба фарқ аз Ҳинд, Эрон дар миёни ҳудуди 190 кишварест, ки Паймони байналмилалии манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро имзо кардаанд. Раҳбари ҳайъати Амрико гуфт, имзо фақат оғози кор аст ва кишварҳои ба паймон пайваста бояд кулли муқаррароти онро низ пурра муроот кунанд.

Барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон аз соли 2003 ба ин сӯ таҳти баррасиҳои мӯшикофонаи байналмилалӣ қарор дорад. Теҳрон исрор меварзад, ки ин барномаҳояш табиъати сирф сулҳомез дошта, ба хотири тавлиди нирӯи барқи ҳастаӣ пеш бурда мешаванд. Аммо Амрико ва кишварҳои дигари умдатан Ғарб нигаронанд, ки Эрон метавонад аз ин фаъолиятҳо ба хотири тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ низ истифода кунад.
XS
SM
MD
LG