Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррозо ва пешравиҳо дар музокироти Туркманистон


Президенти Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо гуфт, музокироти энержие, ки рӯзи ҷумъа миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Туркманистон сурат гирифт, хеле мусбат буда ба чанд пешравӣ даст ёфтааст. Дар як нишасти хабарие, ки баъди анҷоми ҳамоиши раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо бо мақомоти кишварҳои ғанӣ аз нафту газ баргузор шуд, Баррозо гуфт, ки нишасти ахири энержии Ашқобод ба пешравиҳо даст ёфтааст. Вай афзуд, ки ҳайати вазорати хориҷаи Туркманистон бо як сафари расмӣ дар таърихи 4 июн вориди Бруссел мешавад, то ки музокираҳои энержиро ба роҳ монад. Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Ҷумҳурии Чех Мирек Тополанек гуфт, ки Туркманистон ҷиддан нақшаҳои бунёди лулаи навро баррасӣ дорад ва барои гуногунсозии роҳҳои содироти газ ҳеҷ монеае намебинад.
XS
SM
MD
LG