Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи хунхоре дар Ҳилманд ҷони 21 нафарро гирифт


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки як бомбгузори маргталаб дар ҷануби ин кишвар худро мунфаҷир кард, ки дар натиҷа 21 шаҳрванди мулкии Афғонистон ва ду сарбози бритониёӣ ба ҳалокат расиданд. Ин яке аз хунхортарин ҳамлаҳои моҳҳои ахир мебошад, ки рӯзи панҷшанбе рӯй дод. Ҳодиса дар як бозори серодами вилояти Ҳилманд иттифоқ уфтод, ки ҳамчун пойгоҳи низомии нирӯҳои бритониёӣ ва дигар сарбозони хориҷӣ маҳсуб мешавад. Шумори ниҳоии қурбониҳои ин ҳодисаро мақомоти Афғонистон баъди даргузашти чандин нафари маҷрӯҳшуда рӯзи ҷумъа хабар доданд. Ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти анҷоми ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Дар тафсилоти ҳодиса гуфта мешавад, ки таркишро маргталабе савори мотосикл анҷом додааст. Дар Афғонистон куллан 70 ҳазор сарбозони хориҷӣ мустақар ҳастанд, ки барои кӯмак ба ҳукумати марказии ин кишвар дар мубориза зидди ситезаҷӯён сафарбар шудаанд. Тақрибан 8300 нафари ин нирӯҳоро сарбозони бритониёӣ ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG