Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамкории шарқӣ"-И Иттиҳодияи Аврупо


Нишасти ИА дар Прага
Нишасти ИА дар Прага

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе дар Прага барномаи "Ҳамкории шарқӣ"-ро муаррифӣ кард.

Бо вуҷуди мухолифатҳои Русия ва адами ҳузури аксари раҳбарони аввали Аврупо дар нишасти Прага, ИА рӯзи панҷшанбе барномаи ибтикории мавсум ба “Ҳамкории шарқӣ”-аш барои 6 кишвари шӯравии собиқ –Арманистону Озарбойҷон, Гурҷистону Украина ва Молдоваву Беларусро эълон кард. Суръат бахшидан ба мушорикати сиёсӣ ва ҳамоиш амиқтари иқтисодӣ миёни 27 кишвари узви ИА ва 6 кишвари шӯравии собиқ ҳадафи аслии ибтикори “Ҳамкории шарқӣ” ном бурда мешавад.

Талоши ИА барои тавсиъаи равобит бо кишварҳои шӯравии собиқ мояи интиқодҳои шадиде аз сӯи Маскав шудааст. Аммо раҳбарони ИА дар нишасти Прага нигарониҳои Русия дар ин заминаро беҳуда хонда, гуфтанд, сухан дар бораи тавсиъаи “доираи нуфуз” намеравад ва “Ҳамкории шарқӣ” аслан бар зидди Русия нигаронида нашудааст. Пас ҳадаф аз роҳандозии барномаи “Ҳамкории шарқӣ” чист? Ва ин барномаи ҳамкорӣ ба 6 кишвари шӯравии собиқ чӣ дода метавонад?

Мирек Тополанек, сарвазири Чехия, ки раёсати давраии ИА-ро бар ӯҳда дорад, дар пайи муаррифии барномаи “Ҳамкории шарқӣ” гуфт, ин ибтикор ба маънои эҳёи дубораи блокҳои Ғарбу Шарқ ва сабқати густариши доираи нуфуз нест.Раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо гуфт, нишасти Прага саҳифаи наверо дар равобити ИА бо ҳамсояҳои шарқиаш боз мекунад: “Ҳамкории шарқӣ як пешниҳоди қобили мулоҳиза барои боло бурдани сатҳи равобити дуҷонибаи мо бо ҳамсояҳои шарқии мост. Ин ҳамчунин як василаи қавӣ барои ҳимоят аз иттиҳод ва ҳамкориҳои минтақавист. Ин барнома заминаи равобит ва муносиботи дарозмуддати ИА бар пояи манфиатҳои муштарак ва арзишҳои умумиро мегузорад.”

Аммо баъид ба назар мерасад, ки эълони расмии “Ҳамкории шарқӣ” тавонад нигарониҳои Маскавро таскин бубахшад. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи чоршанбе, ҳамагӣ як рӯз қабл аз эълони ин ибтикори ИА, алайҳи ҳар навъ талоши сохтани “хутути ҷадиди ҷудокунанда” дар қораи Аврупо ҳушдор дод. Михаил Маркелов, раиси кумитаи равобити байналмилалии Думаи Давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия, рӯзи панҷшанбе нишасти Прагаро як талоши ангезаҳои геополитикӣ доштаи Ғарб барои тавсиъаи нуфузаш ба кишварҳои шӯравии собиқ номидааст.

Аммо раҳбарони Аврупо дар нишасти Прага нигарониҳои Маскав аз ин барномаро бепоя хонданд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, “Ҳамкории шарқӣ” алайҳи ягон кишвар, аз ҷумла Русия, нигаронида нашудааст.” Раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо низ гуфт, ки ин паймон бар зидди Русия нест. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана гуфт, бархе баёнияҳои раҳбарони Русия дар қиболи ин нишаст чандон созанда набуд: “Ин алайҳи Русия нест. Дар асл, тавре шумо хуб медонед, эҳтимолан Русия ва шояд Туркия дар бархе аз барномаҳое, ки роҳандозӣ хоҳанд шуд, метавонанд ширкат бигиранд. Ин аст фалсафаи ончӣ ки мо оғоз мекунем.”

Дар нишасти Прага тақрибан ними раҳбарони кишварҳои узви ИА, аз ҷумла раҳбарони аввали Бритониёву Фаронса ва Итолиёву Испания, ҳузур надоштанд. Адами ҳузури ин чеҳраҳои аввал ҳокист, ки кулли ихтилофоти мавҷудаи назар бар сари ин барнома дар миёни кишварҳои узв ҳанӯз рафъ нашудааст. Ин аст, ки барномаи “Ҳамкории шарқӣ” пайвастан ба узвияти ИА-ро ба ҳеҷ яке аз ин 6 кишвари шӯравии собиқ - Арманистону Озарбойҷон, Гурҷистону Украина ва Молдоваву Беларус – замонат намедиҳад. Сабук кардани тартиби ироаи раводиди сафар низ дар ин санад фақат ба ҳайси “ҳадафи дарозмуддат” омадааст.


Муаллифи ташаббус – Ҷумҳурии Чех мехост, ки барнома “Ҳамкории Аврупо” ном бигирад. Вале қарори ниҳоӣ рӯи исми танҳо “Ҳамкории шарқӣ” шуд, ки албатта, маҳдудтар аст.

Эълони ин барнома ба дунболи як соли барои Аврупо хеле пуршӯр сурат мегирад. Ҷанги кӯтоҳи моҳи август байни Русияву Гурҷистон, беназмиҳои баҳори имсола дар Молдова, бӯҳрони давомдори сиёсиву иқтисодӣ дар Украина ва ҷанҷоли моҳи январи нархи газ байни Маскаву Киев, ки шарқи Аврупоро дар айни сармо дар рӯбарӯи хатари камбуди газ қарор дод...

Масъалаи дигар муносибати худи ин 6 кишвари шӯравии собиқ ба барномаи “Ҳамкории шарқӣ”-ст. Барои мисол, руъасои ҷумҳуриҳои Молдоваву Беларус Владимир Воронин ва Аляксандр Лукашенка аслан ба Прага наомаданд.

Владимир Воронин гуфтааст, барномаи “Ҳамкории шарқӣ” дар амри пуштибонӣ аз ин 6 кишвари шӯравии собиқ дастоварди зиёде надорад. Қарор буд, даъвати Лукашенка ба Прага пиряхи тайи солҳои охир баландшуда дар равобити қариб ҳамеша сарди Аврупо бо Минскро каме об кунад, вале баъди ин ки раисиҷумҳури Чехия Васлав Клаус гуфт, зимни мулоқоти рӯбарӯ дасти Лукашенкаро фишурданӣ нест, раисиҷумҳури Беларус аз рафтан ба Прага парҳез кард.

Бенита Ферреро Волднер, куммиссари равобити хориҷии ИА, гуфт, адами ҳузури раҳбарони Молдоваву Беларус дар нишасти Прага ба маъное нест, ки он ду кишвар азми ҳамкорӣ бо Брюсселро надоранд: “Мо албатта, ҳамеша ин масъаларо, ки киро мефиристанд ва ё дар амал дар кадом сатҳ мехоҳанд ҳузур дошта бошанд, ба худи он кишварҳо вогузор мекунем. Ба назари ман, донистани ин нукта муҳим аст, ки ҳамаи ин кишварҳо ба таври рӯшан тааҳҳуди худро ба намоиш гузоштанд, ки онҳо мехоҳанд дар ин ҷо бошанд, онҳо мехоҳанд бо мо ҳамкорӣ кунанд.”

Бо ин ҳол, рӯзи 7 май дар маркази Прага ҳудуди 200 эътирозгар, ки бахши аъзамаш тарафдорони аз Беларус фироркардаи мухолифин будаанд, бо шиорҳои “Озодӣ барои Беларус!”, “Озодӣ барои маҳбусони сиёсӣ!” ва “Дар Аврупо барои Лукашенко ҷой нест!” алайҳи ҷалби Минск ба барномаи “Ҳамкории шарқӣ”-и ИА раҳпаймоии эътирозӣ барпо карданд.

XS
SM
MD
LG