Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ ҳукми сарбози қотилро истиқбол мекунад


Рӯзи ҷумъа дар Ироқ ҳукми додгоҳеро дар Иёлоти Муттаҳида дар нисбати як сарбози амрикоии муттаҳам ба таҷовузи духтари 14-солаву баъдан қатли ӯ, модару падар ва хоҳари хурдсоли вай дар соли 2006 истиқбол карданд. Вазири ҳуқуқи башари Ироқ хонум Виҷдон Солим дар сӯҳбат бо радиои Ироқи Озод гуфт:

"Гунаҳгор ҳукм шудани вай дубора эътимоди мардуми Ироқро ба низоми адлияи Амрико барқарор мекунад. Барои мардуми Ироқ хеле муҳим аст, ки бидонанд, ки сарбозони амрикоӣ барои ҳама ҷиноятҳои содиркардаашон ҷавоб хоҳанд дод. Аз ин рӯ ман ба додгоҳ ва қозии амрикоӣ сипосгузорам".

Сарбози маҳкумшуда Стивен Грини 24-соларо, ки рӯзи панҷшанбе аз ҷониби як додгоҳи шаҳрвандии Кентаккӣ гунаҳгор дониста шуд, эҳтимолан ҳукми марг интизор аст. Гуноҳи Грин баъди тарки артиш кардани вай дар соли 2006 рӯи об баромад ва аз ҳамин хотир ҳам ӯро на додгоҳи низомӣ, балки шаҳрвандӣ муҳокима мекунад.
Чаҳор дигар сарбози амрикоӣ, ки барои ҳамла ба хонаводае дар минтақаи Маҳмудияи Бағдод гунаҳгор шудаанд, мӯҳлати аз панҷ то 110 соли зиндонро аллакай пушти сар мекунанд.
XS
SM
MD
LG