Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

500 ҳазор сокини Свот водиро тарк карданд


Дар давоми чанд рӯзи охир даҳҳо ҳазор сокинони водии Свот дар паи амалиёти низомии зиддиҷангиён дар ин минтақаи таҳти контроли Толибон маконҳои зисти худро тарк мекунанд. Дафтари муҳоҷирати Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа гуфт, ки шумори ин мардум ба ним миллион нафар баробар шуда дар рӯзҳои наздик эҳтимоли тарки водӣ кардани як миллион нафар по бар ҷост.
Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои ҳавоии Покистон рӯзи ҷумъа ҳадафҳои Толибонро дар манотиқи таҳти контроли ҷангиён бомборон карданд. Майор Носирхон, як сухангӯ дар Свот гуфт, ки дар ин амалиёт чархболҳои низомӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва нирӯҳои артиш ҷалб шуда 12 ҷангиро ба ҳалокат расонданд. Дар як суханронии телевизиониаш нахуствазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ гуфт, ки нирӯҳои мусаллаҳ барои нобудсозии ҷангиён ва террористҳо сафарбар шуданд.
XS
SM
MD
LG