Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати дипломати аврупоӣ аз Бокуву Ереван


Дипломати баландпояи Иттиҳодияи Аврупо аз Арманистону Озарбойҷон тақозо кардааст, ки бо "эҳсосоти мусбат" ҳамкориҳои бештарро барои ҳалли мухолифатҳояшон бар сари минтақаи ҷудоихоҳи Қаробоғи Кӯҳӣ ба роҳ монанд. Ҳавер Солана бо ин изҳорот рӯзи ҷумъа дар ҳошияи нишасти энержии Иттиҳодияи Аврупо ва намояндаҳои давлатҳои дорои захираҳои ғании энержӣ суханронӣ кард. Рӯзи панҷшанбе дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, ки раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда дорад, нишасти кишварҳои шӯравии пешин, ба шумули Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Гурҷистон, Молдова ва Украина баргузор шуд, ки ҷузве аз барномаи "Ҳамкориҳои шарқӣ"-и Аврупо мебошанд.
XS
SM
MD
LG