Иттиҳодияи Аврупо нишастеро шурӯъ кардааст, ки ҳадаф дорад иртиботи дарозмуддати энержиро миёни манотиқи Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо бунёд кунад. Дар нишасти Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех раҳбарони давлатҳои аврупоӣ ва Озарбойҷон, Гурҷистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Миср ва Ироқ гирди ҳам меоянд. Ба ҳайси нозирони ин ҳамоиш намояндаҳои ИМА, Русия ва Украина иштирок хоҳанд кард. Тибқи гузоришҳо, Иттиҳодияи Аврупо ният дорад кишварҳои тавлидкунандаи нафту газро барои ҳамкорӣ бо Аврупо водор карда инчунин масъалаи тамдид ва тавсеаи роҳҳои интиқоли ин захираҳои энержиро баррасӣ кунад. Аврупо дар ин охирҳо баъди вориди бӯҳрон шудани ҷанҷолҳои газии миёни Русия ва Украина музокираҳои энержии худро бо давлатҳои дорои захираҳои газу нафт вусъат бахшидааст.