Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти зиддитолибон дар Свот идома дорад


Нирӯҳои ҳавоии Покистон рӯзи ҷумъа ҳадафҳои Толибонро дар манотиқи таҳти контроли ҷангиён дар водии Свот бомборон карданд. Амалиёти зиддиситезаҷӯён идома дорад. Майор Носирхон, як сухангӯ дар Свот гуфт, ки дар ин амалиёт чархболҳои низомӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва нирӯҳои артиш ҷалб шуда 12 ҷангиро ба ҳалокат расонданд. Дар як суханронии телевизиониаш нахуствазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ гуфт, ки нирӯҳои мусаллаҳ барои нобудсозии ҷангиён ва террористҳо сафарбар шуданд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи хабарҳо аз маҳалли даргириҳо, дар давоми рӯзҳои охир даҳҳо ҳазор сокинони маҳаллӣ талош доранд водии оғушта ба ҷангро тарк кунанда. Дафтари муҳоҷирати Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа гуфт, ки шумори ин мардум ба ним миллион нафар баробар шуда дар рӯзҳои наздик эҳтимоли тарки водии Свот кардани як миллион нафар дар назар аст.
XS
SM
MD
LG