Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони идораи умури дохилаи Суғд қотили Суҳроб Сайдалиев - корманди шӯъбаи корҳои дохилии Хуҷандро боздошт кардаанд.

Ба иттилои маркази хабарии идораи умури дохилаи Суғд, кормандони интизомӣ бо роҳандозии чораҳои фаврии ҷустуҷӯӣ Рустам Латипов - сокини 26-солаи шаҳри Қайроқумро бо иттиҳоми қатли корманди милиса боздошт кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, номбурда дар рӯзи 28–уми апрел дар канори обанбори Қайроқум аз силоҳи думилаи шикорӣ ба сари Суҳроб Сайдалиев, корманди 25 солаи бахши ташхисӣ-криминалии шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд, тир зада, ба қатл расонд, сипас бо бераҳмии махсус сари ӯ ва чаҳор ангушти дасти росташро аз тан ҷудо кард.

Кормандони интизомӣ ҷасади ҳамкасби худро дар рӯзи 5–уми май дар маҳалли ҳодиса пайдо карданд. Ҳамчунин туфанги шикорие, ки гуфта мешавад, Рустам Латипов бо он милисаро ба қатл расондааст, аз ҷониби кормандони интизомӣ дарёфт ва ҳамчун далели шайъӣ мусодира шудааст.

Додситонии ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров нисбати Рустам Латипов парванда боз карда, ӯро мутобиқи банди 104–и асноди ҷиноии Тоҷикистон барои куштори корманди милиса бо бераҳмии махсус ва бо омодагии пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидааст. Тафтишоти пешакӣ ҳанӯз дар бораи сабаб ва ангезаҳои қатл маълумот надодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG