Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси масоили энержӣ дар Прага


Раҳбарони Украинаву Гурҷистон ва Озарбойҷон дар нишасти Прага

Раҳбарони Украинаву Гурҷистон ва Озарбойҷон дар нишасти Прага

Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад вобастагиаш аз гази Русияро ҳаддалимкон коҳиш бидиҳад.

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа дар як нишасти вижа дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, ки раёсати давраии ин иттиҳодияро бар ӯҳда дорад, ба баҳси масоили эҳдоси масирҳои дарозмуддати иртиботи энерживу нақлиётӣ миёни кишварҳои узви ин созмон ва кишварҳои Ховари Миёнаву Осиёи Марказӣ шурӯъ мекунад. Нишасти Прага раҳбарони ИА ва раҳбарону намояндагони баландпоя аз кишварҳое, чун Озарбойҷону Гурҷистон, Туркияву Туркманистон, Узбакистону Қазоқистон ва Мисру Ироқро гирди ҳам овард.

Бино ба хабарҳои расида, ИА мехоҳад пуштибонии кишварҳои тавлидкунандаи нафту газ аз тарҳҳоеро ба даст биорад, ки ба бозорҳои Аврупо расондани маҳсулоти бештари энержиро ба ҳадаф доранд. Дар пайи ҷанҷоли моҳи январи Русияву Украина дар моҳи январ, ки кишварҳои шарқи Аврупоро дар айни сармо ба хатари камбуди газ мувоҷеҳ кард, талошҳояш барои пайдо кардани манобеъи алтернативии энержиро бештар карда, бо ин васила мехоҳад вобастагии бозори энержиаш аз манобеъи гази Русияро коҳиш бидиҳад.

Яке аз чунин тарҳҳо тарҳи бунёди лӯлаи газест, ки бояд тавассути баҳри Хазар манобеъи гази Туркманистонро бо Озарбойҷон ва сипас аз ин роҳ ба Аврупо бипайвандад.Дар маҷмӯъ сухан дар бораи эҳдоси се лӯлаи нави газ аз манобеъи гази дарёи Хазар ва Ироқ меравад, ки бузургтаринаш бо исми Набукко маъруф буда, бояд аз марзҳои шарқии Туркия то ба Австрия кашида шавад. Лӯлаи дуввум, мавсум ба Вайт Стрим, ё Маҷрои Сафед, қарор аст, аз Гурҷистон тавассути зери баҳри Сиёҳ кашида шуда, дар Руминия ба поён бирасад. Ва лӯлаи севвуми газ бо номи Интерконнектор, бояд аз байни Туркияву Юнон ва Итолиё гузарад.

Дар сурати бунёд шуданаш, ин 3 лӯлаи газ то соли 2020 тавоноии интиқоли то 20 миллиард метри мукааби газ пайдо карда, тақрибан 10 дарсад аз ҷамъи эҳтиёҷоти Иттиҳодияи аврупо ба гази табииро таъмин хоҳанд кард.

Дар нишасти Прага Эрону Қатар – ду тавлидкунандаи бузурги газ ва ду бозигари бузурги бозори энержии Ховари Миёна даъват нашудаанд. Як мақоми аврупоӣ бидуни бурдани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, далели даъват нашудани Қатар на амале тарҳшуда, балки ба маҳзи тангии фурсат буд. Аммо дар мавриди Эрон як мақоми дигари аврупоӣ бо ишора ба баҳси барномаҳои ҳастаии он кишвар гуфтааст, ки шояд дар сурати муҳайё шудани шароити муносиб Теҳрон низ ба ин барномаҳои бузург ҷалб шавад.

Аммо Русия дар баробари Амрико ва Украина ба ин ҳамоиш танҳо ба ҳайси нозир даъват шудааст, вале дар рӯзномаи нишаст ширкати Русия дар ҳеҷ яке аз тарҳҳои нави энержии ИА дар назар дошта нашудааст.
XS
SM
MD
LG