Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар остонаи Иди Ғалаба


Дар Тоҷикистон таҷлил аз 64-умин солгарди Иди Ғалаба бар фашистони нозӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон шурӯъ шуд. Ҳарчанд имсол ҳукумати марказӣ аз ташкили раҳпаймоии низомӣ дар майдони Ғалабаи пойтахт худдорӣ кард, вале тибқи як амри президент, ба беш аз 4500 ширкатдори ҷанг, ки қайди ҳаёт ҳастанд, ба ифтихори ид 350 сомонӣ тақдим шудааст. Рӯзи 9 май дар майдони Ғалаба маросими гулгузорӣ дар пои муҷассамаи Оташи абадӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Куллан дар Ҷанги дуюми ҷаҳон аз Тоҷикистон 280 ҳазор нафар иштирок карданд, 70 ҳазор нафари онҳо дар майдони муҳориба ҷон доданд. Аз миёни онҳо 55 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфазор шудаанд.
XS
SM
MD
LG