Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрвандони Афғонистон ба 24 сол зиндонӣ шуданд


Хабаргузориҳои маҳаллии Тоҷикистон мегӯянд, ки Додгоҳи олии ин кишвар ду шаҳрванди Афғонистонро ба мӯҳлати 24 сол равонаи зиндон кард. Ин нафарон барои убури ғайриқонунии марз, қочоқи беш аз 80 килограмм маводи мухаддир ва нигаҳдории силоҳ маҳкум ба зиндон шуданд. Ин афрод дар натиҷаи амалиёти вижаи марзбонони тоҷик охирҳои соли гузашта дар хати марзии ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон боздошт шуданд. Итар-Тасс аз қавли Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло дар зиндонҳои ин кишвар беш аз 200 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва аксари онҳо шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд, ки дар бештарин ҳолат бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG