Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи акробатикаи варзишӣ бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Михаил Шапоров, сармураббии дастаи мунтахаби акробатикаи варзишии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа бо ширкати варзишгарони шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа дар толори мактаби махсуси акробатикаи пойтахти кишвар доир шуд. Шогирдони ин мактаб дар ҳамаи навъҳои рақобатҳо ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Умеда Қутфиддинова дар сабқати занон ва Искандар Давлатов дар сабқати мардон пирӯз гардиданд. Кристина Желтовская ва Екатерина Яшкина дар сабқати ҷуфти занона, Абумуслим Шоев ва Нуриддин Шукуров дар сабқати ҷуфти мардона ҷойҳои аввалро касб карданд.

Кристина Желтовская ва Исломиддин Шоев дар сабқати ҷуфти омехта ғолиб шуданд. Дилнозаи Аҳмадзода, Наталя Кускова ва Заррина Наимова дар сабқати сегонаи занона дар ҷои аввал қарор гирифтанд.

Абдуғаффор Одинаев, Исломиддин Шоев, Исмоил Аҳмадов ва Муҳаммад Умронов дар сабқати чаҳоргонаи мардона пирӯзӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG