Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: Бозиҳои даври 6-ум – 9-ум ва 10-уми май


Бозиҳои даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 9-ум ва 10-уми май барпо мешаванд.

Рӯзи шанбе се бозӣ сурат мегирад. «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Истиқлол»-и Душанбе бо ССКА «Помир»-и Душанбе бозӣ хоҳанд кард.

Ду бозии дигар рӯзи якшанбе барпо мегардад. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «Гвардия»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Энергетик»-и Душанбе рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Баъди даври 5-ум дастаи «Вахш» бо 13 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» бо 10-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуввуму севум ҷойгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG