Пайвандҳои дастрасӣ

Аз рӯи ҷамъбасти сабқати интихобии Ҷоми даъвати АФК – Конфедеросиюни футболи Осиё – ҳашт дастаи ширкаткунандаи даври ниҳоӣ муайян шуданд.

Соли оянда барои ба даст овардани Ҷоми даъвати АФК ва роҳхати ягона ба Ҷоми Осиё-2011 ҷоизадорони мусобиқаи пешин – тимҳои миллии футболи Ҳиндустон, Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ, инчунин дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Туркманистон, Шри-Ланка, Мянмар ва Бангладеш, ки дар сабқати интихобӣ муваффақ гаштаанд, мубориза хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG