Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо барои гиромидошти хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Таимбет Қониқбоев дар Қазоқистон се медал ба даст оварданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқаи анъанавӣ дар арафаи Иди Ғалаба дар шаҳри Қизилӯрда барои бори 14-ум бо ширкати беш аз 200 варзишгар аз Қазоқистон, Русия, Гурҷистон, Муғулистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд.

Гуштигири маъруф Пӯлодҷон Солеҳов дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 90 кг мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло мукофотонида шуд.

Ду нафари дигар - Олимҷон Зикаев дар вазни то 57 кг ва Сиротуллои Бекмуҳаммад дар вазни то 82 кг, ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
XS
SM
MD
LG