Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазири Покистон ба нерӯҳои артиши ин кишвар дастур додааст, ки "террористҳо ва шӯришиёнро аз байн бубаранд."

Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, дар як паёми телевизиёнии худ эълон кард, "барои барқарории эҳтирому ифтихори ватанамон, барои ҳифзи мардумамон аз нерӯҳои мусаллаҳ даъват шудааст, ки шӯришиён ва террористҳоро аз байн бубаранд". Вай гуфт, талошҳои шӯришиён барои ба ҳам задани амнияту субот ба ҷое расидааст, ки ҳукумат бояд "тасмими қотеъ" бигирад.

Низомиёни Покистон рӯзи панҷшанбе гуфтанд, дар даргириҳои водии Свот 10 сарбози артиш ҷароҳат бардоштаанд. Ҳавопаймоҳои ҷангии Покистон мавзеъҳои нерӯҳои Толибон дар водии Своти ин кишварро ба оташ кашидаанд. Ин минтақа ба паноҳгоҳи шӯришиён табдил ёфтааст. Ин ҳамлаҳо як рӯз баъд аз даргириҳои фоҷеабор анҷом гирифтааст, даргириҳое, ки баъд аз дастёбӣ ба сулҳ дар минтақа дар моҳи феврал маргбортарин будааст.

Ҳазорон нафар бо истифода аз фурсати ҷорӣ шудани қуюди шабгардӣ минтақаро тарк кардаанд ва кормандони имдодӣ ҳушдор додаанд, ки вазъи башарӣ дар минтақа ташдид меёбад. Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, гуфт, нақшаи истиқрори нерӯҳои заминии Амрико дар минтақа вуҷуд надорад.

Рӯзи чаҳоршанбе зимни мулоқоти муштарак дар Кохи Сафеди Вошингтон Осифалӣ Зардорӣ - раисиҷумҳури Покистон, Барак Обама - раисиҷумҳури Амрикоро мутмаин сохт, ки Исломобод шӯришиёни Ал - Қоида ва муттаҳидони онҳоро саркӯб мекунад.

Дар ин мулоқот раҳбарони Покистон ва Афғонистон дар заминаи мубориза бо терорристҳо дар минтақа ба иттифоқи назар ба саркӯбии шӯришиён таъкид карданд. Гузашта аз ин, Осифалӣ Зардорӣ дар ҷараёни боздиди худ аз Вошингтон ҷониби Амрикоро мутмаин сохт, ки мақомоти кишвараш аслиҳаи ҳастаии Покистонро зери контроли комили худ доранд. Зардорӣ рӯзи панҷшанбе дар назди сенаторҳои Амрико дар бораи талошҳои Покистон барои мубориза бо шӯришиёни Толиб сӯҳбат кард.

Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон, гуфт, баъд аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон бори дигар мулоқоти сеҷонибаи Амрикову Покистон ва Афғонистон баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG