Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонии собиқадори туркман озод шуд


Муҳаммадуғлӣ Аймуродов-зиндонии собиқадори сиёсии Туркманистон баъд аз 14 соли зиндон ба озодӣ баромад. Дар ин бора Ҳюмен Райтс Вотч ё Созмони Дидбони ҳуқуқи башар хабар додааст. Аймуродов ҳоло 62 сол дорад ва аз зиндоне дар шимоли ин кишвар раҳо шудааст. Бино ба гузоришҳо, саломатии вай хеле бад аст ва аз дарди гурдаҳо ранҷ мебарад. Вай дар Ӯзбекистон боздошт ва сипас ба Туркманистон супурда шуда буд. Вайро барои талоши сарнагунии ҳукумат муттаҳам карда буданд.

XS
SM
MD
LG