Пайвандҳои дастрасӣ

Қудои пешини Назарбоев ғайб назадааст


Мухтор Алиев-падари Роҳат Алиев сафоратхонаи Қазоқистон дар Венаро тарк кардааст ва гузоришҳо дар бораи мушкилиҳои фарзандашро рад мекунад. Роҳат Алиев-домоди пешини Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон аст. Мухтор Алиев мегӯяд, идаъои вазорати умури хориҷаи Қазоқистон дар ин бора, ки писараш ҳуҷҷатҳои сафарро аз падараш гирифтааст ва аз моҳи октябр ба ин сӯ вайро дар Вена нигоҳ медорад, дурӯғ арзёбӣ кард. Бино ба гузоришҳо, Мухтор Алиев бояд рӯзи чаҳоршанбе ба Алмаато парвоз мекард, вале наомад. Роҳат Алиев гуфт, ки падараш ғайб задааст ва ба эҳтимоли зиёд вайро рабудаанд.

XS
SM
MD
LG