Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба равобити Амрикову Русия умеди зиёд дорад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, вай умед дорад, ки муносиботи Амрикову Русия рӯ ба беҳбудӣ меорад. Вай баъд аз мулоқоташ бо Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия дар Кохи Сафеди Вошигтон гуфт, ҳоло "имкони олӣ барои аз сар гирифтани муносибот"-и миёни Амрикову Русия ба вуҷуд омадааст:

"Ман фикр мекунам, ки мо барои аз сар гирифтани муносиботи миёни Амрикову Русия дар ҳама заминаҳо: аслиҳаи ҳастаӣ ва манъи густариши аслиҳаи ҳастаӣ, вазъ дар Афғонистону Покистон, наҳваи бархурд бо Эрон, бархурд бо Ховари Миёна, равобити бозаргонии миёни ду кишвар ва роҳҳои рафъи бӯҳрони молии сартосарӣ, ки иқтисодро дар ҳама кишварҳои ҷаҳон дар вазъи ногувор гузошт, имкони олӣ дорем".

Рӯзи панҷшанбе Лавров бо Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико низ мулоқт кард.

XS
SM
MD
LG