Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тоҷик барои кордзанӣ дар Маскав боздошт шуданд


Хабаргузориҳои Русия аз қавли намояндаи идораи пулиси шаҳри Маскав иттилоъ додаанд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон дар наздикии бозори Измайловои Маскав бо тоҷирони ветнамӣ бо корд ҳамла кардаанд. Ду шаҳрванди Ветнам бо захми корд ба бемористон интиқол дода шудаанд. Пулиси Маскав баъд аз ин ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт кардааст. Ному насаби онҳо ифшо нашудааст, вале тибқи хабарҳо тоҷикону ветномиҳо барои ҷои савдо дар бозор бо ҳам моҷаро кардаанд ва моҷарои онҳо бо кордкашии тоҷикон анҷом ёфтааст.

XS
SM
MD
LG