Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рустам ва Сӯҳроб" дар театри Чехови Маскав


Намоишномаи "Рустам ва Сӯҳроб"-и театри русии ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе рӯзҳои 17, 18 ва 19-ӯми май дар Маскав дар театри байналмиллалии Чехов дар маркази Мейерҳолд ба намоиш гузошта мешавад. Намоишномаи "Рустам ва Сӯҳроб" бо қалами дромнависи рус Василий Жуковский бар асоси "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ офарида шудааст. Султон Усмонов намоишномаро коргардонӣ мекунад. Дар он ҳунармандони номдори Тоҷикистон нақшҳоро иҷро мекунанд. Ба намоиш даромадани асарҳои театрии Тоҷикистон дар чунин театри машҳури Маскав хеле кам ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG