Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзадҳои нави интихоботи президентии Афғонистон


Як академики маъруфи афғон ва як ветерани режими Толибон - ҳарду вориди сабқати раёсатҷумҳурӣ шуданд, ки баргузории он дар таърихи 20 август дар назар аст. Оқои Ашрафғанӣ Аҳмадзаи 60-сола имрӯз баъди сабти номи аризаи номзадиаш ваъдаи тағйироти "куллӣ ва бунёдӣ"-ро дар Афғонистон кард. Вай раиси собиқи донишгоҳ, вазири пешини молия ва раиси иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ мебошад. Аҳмадзай яке аз рақибони қавии раиси ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай аст, ки ҳафтаи ҷорӣ бо номзад ба курсии муовини раёсатҷумҳурӣ Муҳаммад Қосим Фаҳим исми худро вориди феҳрасти ширкатдорони интихоботи раёсатҷумҳурӣ кард. Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ки Абдусалом Рокетӣ, фармондеҳи пешини Толибон, инчунин имрӯз аризаи худро таслими комиссиюн кардааст. Рокетӣ як узви ҳукумати Толибон буд ва баъди барканор шудани ин режим дар соли 2001 ду сол дар зиндон ба сар бурдааст. Баъди раҳоиаш вай аз Толибон канор гирифт ва соли 2005 узви парлумон шуд. То имрӯз 24 нафар даъвои номзадӣ ба курсии раёсатҷумҳурии Афғонистонро кардаанд, ки ду нафари онҳо зан мебошанд. Фардо, ҷумъа рӯзи охирини сабти номи номзадҳои интихоботӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG