Пайвандҳои дастрасӣ

Имтиҳони ҳассосияти 19 бонки бузургтарини Амрико


Citigroup ҳанӯз мӯҳтоҷи кӯмак боқӣ мемонад

Citigroup ҳанӯз мӯҳтоҷи кӯмак боқӣ мемонад

Давлати Амрико имрӯз натоиҷи имтиҳони ҳассосияти 19 бонки бузургтарини ин кишварро нашр мекунад.

Бархе аз нукоти аз ин гузориш бадастомада ҳокист, ки ин бонкҳо дар мавқеъияти хеле қавитар аз интизороти коршиносони масоили молӣ қарор доранд. Аммо бо ин вуҷуд, ба гуфтаи матбуоти амрикоӣ, давлати Амрико ҳамчунон аз дасти кам 7 бонки бузург хоҳад хост, то ба хотири наҷоти худ дар сурати боз ҳам бадтар шудани бӯҳрони ҷаҳонии молӣ миллиардҳо доллари бештар ҷалб кунанд.

Имтиҳони ҳассосият тавони муқобилияти ин ё он ширкат ё ниҳод ба шароити ғайриоддӣ, аз ҷумла ба ҳолоти бӯҳрониро таҳқиқ мекунад, ки оё ин фаъолиятҳо ба натиҷаи ниҳоии кори ширкат чӣ таъсире аз худ ба ҷо мегузоранд?

Натоиҷи расмии таҳқиқоти анҷомдодаи мақомоти молии Амрико дар мавриди мизони ҳассосияти бузургтарин бонкҳои Амрико шоми панҷшанбе, 7 май нашр хоҳад шуд. Аммо бархе нукоти бадастомада аз ин гузориш баёнгари назар ба интизори таҳлилгарон хеле қавитар будани 19 бонки бузургтарини Амрикост.

Нашрияи "The Wall Street Journal" навишт, ки аз ин 19 бонки таҳти имтиҳони ҳассосият қароргирифта 6 бонк, аз ҷумла J.P. Morgan Chase, Goldman Sachs ва American Express, ба сармоягузориҳои аз ин бештар ниёз надоранд. Ҳатто агар мизони пасрафти иқтисоди Амрико дар сатҳи кунуниаш боқӣ бимонад ва ё боз ҳам бадтар шавад. Аммо ба навиштаи "The Wall Street Journal", дасти кам 7 бонки бузургтарин ба хотири ҳифзи идомаи ироаи қарзҳо ба ширкатҳои тиҷорӣ ва бонкҳои дигар дар шароити бӯҳрони феълӣ боз ҳам ба сармояҳои изофӣ ниёз пайдо хоҳанд кард."The Wall Street Journal" дар феҳрасти бонкҳои мӯҳтоҷ ва ҳамоно дастнигар аз ҷумла бонкҳои бузурге, чун Bank of America ва Citigroup-ро номбар мекунад, ки бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда, аввалӣ ба 34 миллиард ва дуввумӣ ба дастикам 5 миллиард доллар сармояи бештар ниёз доштааст.

Ҳовард Вилдон, таҳлилгари масоили молӣ дар BGC International, дар Лондон, мегӯяд, ҳаҷми эълоншудаи эҳтиёҷот ба хотири дубора итминони хотир додани бозорҳои молист: “Вокунишҳое, ки тайи 10 рӯзи охир ҳанӯз қабл аз нашри расмии гузориш аз бозорҳо ба даст мерасанд, ҳокист, ончӣ ки бозорҳо мебинанд, онҳоро таккон нахоҳад дод. Шарҳҳои зиёдеро хоҳем шунид, таваҷҷӯҳи бештаре рӯи ин мавзӯъ хоҳад шуд, албатта, вале ба сурати умум, натиҷа додани итминони дубораи хотирҳо хоҳад буд ва бозорҳо акнун мехоҳанд бубинанд, ки ба дунбол кадом иқдомоти ногузирро бояд интизор дошт?”

Имтиҳони анҷомшудаи ҳассосияти ин 19 бонки бузургтарин бахши калидии сиёсати маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба манзури дарёфти як роҳи дурусти аз вартаи бӯҳрони молӣ берун кашидани низомии молии Амрикост.

Вошингтон гуфтааст, ба бонкҳое, ки аз имтиҳони ҳассосият нагузаштанд, барои пардохтан ба афзоиши ҳаҷми сармояҳояшон 6 моҳи дигар, яъне то 9 ноябр, фурсат хоҳад дод. Агар ин 7 бонки ҳамчунон мӯҳтоҷи кӯмак натавонанд боз ҳам ба ҷалби маболиғ аз сармоягузорони хусусӣ даст биёбанд, ин сармояи лозимро давлат дар ихтиёри онон қарор хоҳад дод. Вале таҳти шароити мухталиф.

19 бонки бузургтарини Амрико, ки давлат таҳти имтиҳони ҳассосият қарорашон дод, дар маҷмӯъ аз се ду ҳиссаи ҷамъи суратҳисобҳои бонкии он кишвар ва ҳамин тавр, нисфе аз ҷамъи бозори қарзҳои бонкии Амрикоро дар ихтиёр дошта, расвоӣ ва ё варшикастагии ҳар кадоми онҳо метавонад бозории молии Амрико ва нафақат Амрикоро биларзонад. Ин аст, ки мақомоти Вошингтон алакай гуфтаанд, ки ба варшикаста шудани ҳеҷ яке аз ин 19 бонки бузургтарин роҳ нахоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG