Пайвандҳои дастрасӣ

Намоиши эътирозӣ дар Фараҳи Афғонистон


Дар ғарби Афғонистон мардуми маҳаллӣ зидди ҳалокати сокинони осоиштаи ин минтақа дар як амалиёти низомии нирӯҳои ҳавоии амрикоиҳо эътироз карданд. Мақомот ва шоҳидони ин рӯйдодҳо дар водии Фараҳ гуфтанд, ки полис барои пароканда кардани мардуме, ки ба ҷониби полис ва сохторҳои давлатӣ сангандозӣ карданд, ба ҳаво тир холӣ кард. Чаҳор нафар маҷрӯҳ шудааст. Намоиши эътирозӣ дар ҳоле ташкил шуд, ки мақомоти амрикоиву афғонӣ машғули таҳқиқи ҳодисаи ҳалокати 100 нафар, аксар сокинони осоиштаи Фараҳ ҳастанд, ки тибқи гузоришҳо дар паи рейдҳои ҳавоии нирӯҳои амрикоӣ дар оғози ҳафтаи ҷорӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG