Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии се мухолифин дар Гурҷистон


Мақомот дар Гурҷистон се фаъоли мухолифинро раҳо карданд, ки шоми дирӯз баъди задухӯрди эътирозгарони талабгори истеъфои раиси ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ бо полис боздошт шуданд. Ин нафарон бо эҳтимоли ҳамла ба як журналист дастгир шуда буданд. Додситонии кулли Гурҷистон гуфт, ки раҳоии ин се нафар бо дархости раҳбари калисои ортодокси кишвар исқуф Илияи 2 имконпазир шуд, ки гуфтааст, чунин иқдом боиси коҳиши таниш хоҳад шуд. Дар задухӯрдҳои рӯзи чоршанбе, баъди он ки эътирозгарон кӯшиши ҳамла ба қароргоҳи полисро карданд, ҳудудан 30 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Полис барои пахши ошӯбгарон аз калтакҳо истифода кард. Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукумат ва мухолифин даъват кард, ки сари мизи гуфтушунид нишинанд.
XS
SM
MD
LG