Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳраи бонкӣ дар Аврупо поинтар шуд


Бонки марказии Аврупо ба хотири кӯмак ба 16 давлати аврупоие, ки пули миллиашон Евро мебошад, баҳраи бонкиро ба поинтарин нишондод, яъне 1,10 % поин бурд. Интизор мерафт, ки ин нишондод то сатҳи 1,25 % коҳиш дода шавад. Комиссиюни Аврупо дар оғози ҳафтаи ҷорӣ гуфта буд, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон Аврупо дар меҳвари як рукуди амиқи иқтисодӣ қарор дорад. Тибқи пешгӯиҳо, нишондодҳои иқтисод соли ҷорӣ 4 % поин хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG