Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони ҷадиди шоҳмоти Тоҷикистон


Соҳиб Ҷӯраев, шоҳмотбози тоҷик
Соҳиб Ҷӯраев, шоҳмотбози тоҷик

Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон бо пирӯзии Соҳиб Ҷӯраев ва Надежда Антонова ба анҷом расид.

Довари ин мусобиқа Зебо Улуғхоҷаева ба Радиои Озодӣ гуфт, сабқати ҷумҳуриявии лигаи олӣ дар пойтахти кишвар бо ширкати 12 мард ва 12 зан тӯли як ҳафта идома кард.

Устоди FIDE Соҳиб Ҷӯраеви 20-сола, аз шаҳри Хуҷанд, дар сабқати мардон дар 11 бозӣ 10 имтиёз ба даст оварда, барои бори аввал ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Душанбегиҳо устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Рашид Ҳусейнов бо 9,5 имтиёз ҷои дуввум ва устоди байнулмилалӣ Ҷамшед Исоев бо 8,5 имтиёз ҷои севумро касб карданд.

Дар сабқати занон донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Надежда Антонова, ки аз 11 бозӣ 10,5 имтиёз гирифт, барои бори дуввум бо медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии кишвар сарфароз шуд. Шатранҷбозони ҷавони душанбегӣ Марворид Насриддинова бо 10 имтиёз ҷои дуввум ва Асила Мӯҳтоҷзода бо 8,5 имтиёз ҷои севумро соҳиб гаштанд.

Ба гуфтаи Зебо Улуғхоҷаева қаҳрамонони шатранҷи Тоҷикистон Соҳиб Ҷӯраев ва Надежда Антонова моҳи июн дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Тошканд ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG