Пайвандҳои дастрасӣ

Дарҳои МГУ дар Душанбе ҳам боз хоҳанд шуд


Сохтмони асосии Донишгоҳи давлатии Маскав

Сохтмони асосии Донишгоҳи давлатии Маскав

Имсол дар Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи М.Ломоносов, дарҳои худро ба рӯи толибилмон боз хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармони вижа ҷиҳати таъсиси бахши ин донишгоҳи бонуфузи Русия дар пойтахти ин кишвар амр дод. Дар фармон гуфта шудааст, ки “ифтитоҳи бахши донишгоҳи Маскав дар кишвар ба тарбия кадрҳои баландихтисос ва ҳам ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар риштаи маориф мусоидат хоҳад кард.”

Қарор аст, бахши донишгоҳи ба номи Ломоносов дар Душанбе бар пояи қавонини Тоҷикистону Русия амал кунад. Маблағгузориии умури донишгоҳ аз ҳисоби будҷаи давлатии Тоҷикистон сурат гирифта, аз вазоратхонаҳои умури хориҷиву дохилии ин кишвар хоста шудааст, шароити равуо ва сабту иқоматро барои устодони он ҳаддалимкон содда кунанд.

Тавофуқ дар мавриди ифтитоҳи бахшҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон соли гузашта дар ҷараёни мулоқоти вузарои маорифи ин ду кишвар ба даст омада буд. Ба хотири баррасии ҷузъиёти масъала Виктор Садовничий, ректори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов, низ соли гузашта аз Душанбе дидан карда буд.

То кунун дар Тоҷикистон бахшҳои маҳаллии чанд донишгоҳи Русия амал мекунанд, ки бузургтаринаш донишгоҳи славянӣ дар шаҳри Душанбест. Ҳамчунин дар донишгоҳҳои худи Русия дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1000 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Моҳи феврал руъасои ҷумҳуриҳои Русияву Тоҷикистон Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав ҷиҳати то 2 маротибаи дигар афзоиш додани квотаи мавҷуда барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия ба тавофуқ расиданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG