Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 2 коргари нирӯгоҳи Роғун бар асари ярч


Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун

Маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун

Бар асари лағзиши ярч дар маҳалли бунёди нирӯгоҳи Роғун 2 коргари сохтмони нирӯгоҳ ҳалок ва 4 тани дигар захмӣ шуданд.

Бар асари лағжиши ярч ду корманди нерӯгохи барқии обии Роғун, 110-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, ҷони худро аз даст дода ва чаҳор нафари дигар ҷарохат бардоштаанд. Ин офати табиӣ замоне рух дод, ки коргарони басти шабона аз нақбҳо берун мешуданд. Боришоти шадид ва ҷорӣ шудани сел аз кӯҳи наздик Сайфуддин Тағоеви 54-сола аз ноҳияи Ховалинг ва дуввумӣ - Саидалӣ Қосимови 42-сола аз ноҳияи Колхозободи вилояти Хатлонро ба коми худ мекашад, ки дар натиҷа ҳар ду ҳалок мешаванд.

Дӯстмурод Забиров, сухангӯи кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса соати 11 шаби 5 -уми май рух дода, аҷсоди ҳалокшудагонро субхи рӯзи гузашта пайдо кардаанд. Вай гуфт. чаҳор нафари ҷароҳатбардошта феълан зери назари пизишкон қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар бархе навоҳии дигари водии Рашт низ хисороти зиёд бар ҷой гузоштааст. Ба иттилоъи сухангӯи кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, дар ноҳияи Тоҷикобод бар асари селхезӣ ва фаромадани тарма 74 сар моли майда низ кушта шудааст. Оқои Забиров ҳамчунин гуфт, дар пайи боришоти ахир даҳҳо манзили зист киштзорҳо ва хатҳои интиколи барқ хисороти ҷиддӣ дидаанд, ки тибқи ҳисоботи пешакӣ ҳаҷми умумии зарари ворида ба иқтисоди кишвар беш аз 3 миллион сомонӣ ва ё беш аз 700 000 долари америкоиро ташкил медиҳад.

Ин манбаъ меафзояд, дар ҳоли ҳозир роҷеъ ба ин ҳодисаи табиӣ комиссияи ҳолатҳои изтирорӣ дар раъси муовини раиси ин ниҳод дар маҳалли ҳодиса кор мекунад.

Селу обхезиҳо тайи ду ҳафтаи охир дар навоҳии Мӯъминободу Восеъ ва Хуросони вилояти Хатлон дастикам 3 нафарро кушта барҷой гузошта буд. Бар асари офоти табиӣ ба риштаи кишоварзӣ ва манозили зисти мардум дар чандин ноҳияи дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Панҷакент, низ хисороти ҷиддӣ расидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG