Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бен Сузол барои сарпарастии як ҷазира дар ним соли оянда 150 000 доллари Австралия маош хоҳад гирифт.

Шояд на ҳама ҷавонони тоҷик хабар дошта бошанд, ки дар ҷаҳон ҳамингуна як ифодае мисли "кори беҳтарин" вуҷуд дорад ва ин як чизи хаёлӣ ё афсона нест. Чунин машғулият дар воқеъ вуҷуд доштааст: дар Австралия як макони хеле зебо, як ҷазираи тропикие будааст бо исми Харсанги бузурги марҷонӣ, ки ба англисӣ чунин садо медиҳад: Great Barrier Reef. Ахиран дар як озмуни хеле пуррақобат як ҷавонмарди бритониёӣ - Бен Сузол сарпарасти ин ҷазира интихоб шуд. Бен корманди созмонест, ки машғули дарёфти сармоя барои корҳои хайрия будааст.

Бен Сузоли 34-сола дар як озмуни интернетӣ ҳамроҳ бо наздики 35 ҳазор довталаби дигар аз 200 кишвари ҷаҳон иштирок кард ва беҳтарин ҳунару истеъдоди таблиғу тавсифи ҷаҳонгардӣ дар ин аёлати Австралияро ба намоиш гузошт.

Дар ҷои кори нав вай бояд ҳар рӯз ҷазираро давр занад, дар бораи вазъи он ба Tourism Queensland, яъне ширкати ташкилкунандаи ин озмун гузориш диҳад. Пасон бояд дар интернет тавассути веблогҳо, аксу нигораҳо, наворҳои видеоӣ ва мусоҳибаҳо ҷаҳонгардиву саёҳиро дар ин ҷо таблиғу ташвиқ кунад. Инчунин, агар ӯ хост, метавонад моҳиҳоро дон дода, ба номаҳо посух диҳад ва ҳар сари чанд ҳавзи рӯи ҳавлии худро тоза кунад.

Хулоса, барои чунин як кори ба назари ман хеле дилкашу ором ва хушҳолкунанда Бен Сузол дар давоми ним соли оянда 150 ҳазор доллари австралиягӣ, ки муодили 110 ҳазор доллари амрикоист, маош мегирад. Ба замми ин, як хонаи дорои ҳавзи оббозиву майдони теннисбозӣ дар ихтиёри ӯ дода мешавад.

Худи Бен, ки аз пирӯзиаш дар ин озмуни хеле пуррақобат шод асту ифтихор мекунад, гуфт, ба зудтарин фурсат зиндагиро дар ин ҷазира ҳамроҳ бо дӯстдухтараш шурӯъ хоҳад кард. Ӯ субҳи чоршанбе дар вокуниш ба ин хабари хуш аз ҷазираи Ҳамилтони Австралия телефонӣ гуфт: "Ин як ифтихори бузург аст, ки ба ҳайси сарпарасти Туризм Квинсланд ва Харсанги бузурги марҷонӣ ба кор шурӯъ кунам. Умедворам, ки корро дар ҳамон андозае, ки ҳар кас аз ман интизор аст, иҷро кунам. Шукр, маҳорати шиноварии ман ҳам хуб аст ва ман ба иҷрои тамоми нақшу вазифаҳои наве, ки маро интизор аст, боумед менигарам".

Ташкилкунандагони ин озмуни маъруф ба “Беҳтарин кор дар ҷаҳон” мегӯянд, ки дар баробари ин ки ин навбат дар озмун нафарони хеле зиёд иштирок карданд, инчунин тавассути он тавонмандиҳои вебсайтҳои YouTube ва Facebook барои таблиғу бозорёбӣ бахубӣ намоиш дода шуд. Тим Бурровс, як таҳлилгари интернетӣ дар вебсайти Мамбреллаи Австралия, дар сӯҳбат бо Ройтерс гуфтааст, ки "барои нахустин бор аст, ки бо таблиғи хеле кам довталабони зиёдро ба ин озмуни корӣ ҷалб карда шуд".

Манбаъҳои ҷуғрофиёӣ дар бораи ҷазираи Харсанги бузурги марҷонӣ ҳамчун як маҷмӯъаи азими харсангҳои ҷудогона ёд мекунанд, ки шуморашон беш за 2 900 адад буда, дар қаламрави беш за 345 ҳазор километри мураббаъ ҷойгир аст. Ин харсанг дар Баҳри Марҷон, наздики соҳилҳои Квинсланд, шимолу шарқи Австралия ҷойгир будааст.

Барои ҳифзу ҳимояти ин ҷазира аз таъсири манфии инсон, ба мисли моҳидории аз ҳад бешу ҷаҳонгардӣ, бунёди вижа амал мекунад. Аз ин хотир, зебоиву ҳусни табиии ин ҷазира барои мардуми маҳаллӣ ҳамчун як бахше аз арзишҳои фарҳангиву маънавӣ арзёбӣ ва эҳтиром мешавад.

Ҳоло ин ҷавонмарди бритониёӣ имкон дорад дар тамоси бевосита бо табиати зинда кори худро пеш барад ва ихлосмандон ҳам метавонанд дар интернет кори Бенро ба шакли наворҳои видеоиву аксҳо ва гузоришҳо баҳо диҳанд. Бахусус, ки ҳоло мунаққиди вай ҳам на камтар аз 35 ҳазор нафар шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG