Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашрияҳои чопи душанбе ин ҳафта масоили доғи сиёсию иқтисодӣ кишварро ба риштаи таҳлил кашидаанд.

Ҳафтаномаи «Фараж» ҷавобияи Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода, сиёсатмадор ва вакили парлумони Тоҷикистонро ба матлабе, ки ахиран дар нашрияи русизабони «Собитыя» бо нақл аз сомонаи интернетии forum.msk.ru аз сӯи муалифи номаълум ва сипас дар расонаҳои расмии ҳукумати Точикистон «Ҷумҳурият» ва «Ховар» чоп шуда, ӯ ва падарашро ҷосуси кумитаи амнияти собиқ Иттиҳоди шӯравӣ мавсум ба КГБ хондааст, ба табъ расонид.

Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода, кули далелҳои матлаби «Тураҷонзада ҷосуси КГБ?» -ро рад карда, ин мақоларо туҳмат ва дурӯғи маҳз унвон кардааст. Оқои Тӯраҷонзода дар посух ба навиштаи муалифони ин матлаб, ки гӯё ӯ аз соли 1971 ҳангоми таҳсил дар мадрасаи Мири араби Бухоро бо КГБ ҳамкорӣ огоз кардааст, менависад, ки дар он замон ӯ дар мактаби миёна таҳсил мекард ва ҳеҷ гоҳ бо кумитаи амнияти шуравӣ ҳамкорӣ надошт. Вай идаои муаллифи матлабро дар хусусӣ истифода шудани мадрасаи Мири араб ҳамчун шӯъбаи мактаби КГБ рад карда, ин даъворо дурӯғи бешарафона дар ҳақи як мадрасаи маъруфи исломӣ унвон кардааст. Оқои Тӯраҷонзода ҳамчунин даъвои муалифони матлабро дар мавриди ҷосуси КГБ будани падари худ эшони Тӯраҷон, рад карда, гуфтааст, ки баръакс он кас ҳамеша таҳти таъқиб ва фишори неруҳои амниятӣ қарор доштаанд

Оқои Тӯраҷонзода, чоп шудани матлаби «Тураҷонзада ҷосуси КГБ?»-ро дар нашрияҳои давлатӣ навъе посух аз сӯи афроди муайян ба мақолаи «Афсонаҳои алюминӣ»-аш медонад, ки ду моҳ қабл дар он аз сиёсатҳои иқтисодии ҳукумат интиқод кардааст. «Фараж» навиштааст, ки чоп нашудани радияи оқои Тӯраҷонзода дар нашрияҳои давлатӣ ва номаълум боқӣ мондани шахсияти муалифи матлаби мазкур рӯшан кардааст, ки дар таҳия ва нашри мақолаи «тӯҳматангез» доираҳои бонуфузи ҳукумат алоқаманданд.

Нашрияи мустақили «Озодагон» навиштааст, ки қадр нашудани рузноманигорон аз сӯи мақомот ва созмонҳои байналмилалӣ дар рӯзи ҷаҳонии матубуоти озод собит кардааст, ки дар Тоҷикистон озодии сухан барои онҳо аҳамият надорад. Ба навиштаи ин рӯзнома, ҳарчанд мизи гирд ва як зиёфат дар ин рӯз аз ҷониби САҲА баргузор шудааст, аммо дар ин руз ақалан рузноманигороне, ки ҷони худро ба хотири озодии сухан ба хатар ру бару кардаанд, на ҳукумат ва на созмонҳои байналмилалӣ бо баҳонаи бӯҳрон ақалан бо ироаи тӯҳфаҳои хотиравие, мисли додани китоб онҳоро шодбош нагуфтаанд. Озодагон менависад, ин ҳол нишон медиҳад, танҳо қишре, ки мехоҳанд озодии баён дар Тоҷикистон риоят шавад, худи рӯзноманигорон будаанд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар матлабе аз тағйиротҳои ахири кадрии ҳукумати Тоҷикистон интиқод кардааст. Ин ҳафтанома менависад, дар ҳоле бӯҳрони иқтисодӣ ба Тоҷикистон таъсири манфӣ расонидааст, ҳайати иқтисодии ҳукумати кишвар ҳеҷ як барномаи зиди буҳронии мукаммаал таҳия карда натавониста, заъфияти тими иқтисодии кишварро собит шудааст, раисҷумҳури Тоҷикистон танҳо, бархе аз кадрҳои ин тимро ва он ҳам дар сатҳи муовини вазири иқтисод ва муовини кумитаи сармоягузории кишвар иваз кардааст. Ба навиштаи ин ҳафтанома иваз кардани фақат ду тан аз муовинони вазирон, далели омода набудани ҳукумат дар амри тағйири сиёсати иқтисодии ин кишвар аст. Нашрияи «Тоҷикистон» менависад, агар тағйироти кадрӣ дар сатҳи мушовири давлатӣ дар умри иқтисод рух медод, он гоҳ ягон тағйиротро дар бахщи иқтисод интизор шудан мумкин буд.



XS
SM
MD
LG