Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Манчестер Юнайтед»-и Инглистон ва «Барселона»-и Испания ба бозии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонони футболи Урупо роҳ ёфтанд.

«Манчестер Юнайтед» дар бозии ҷавобии даври ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми қаҳрамонони футболи Урупо дар меҳмонӣ «Арсенал»-и Инглистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Пак Чжи Сун, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Баъди се дақиқа Криштиану Роналду голи дуввумро ба самар расонд. Голи севумро низ Роналду дар дақиқаи 61-ум ба дарвозаи «Арсенал» зад. Як голи мизбононро Робин ван Перси аз пенолти дар дақиқаи 76-ум ба ҳадаф расонд.

Бозии аввал низ бо пирӯзии «Манчестер Юнайтед» бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд. Бад-ин тартиб «Манчестер Юнайтед», ғолиби феълии Лигаи қаҳрамонҳо, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, ба финал баромад.

Рақиби «Манчестер Юнайтед» дар бозии дигари ҷавобии даври ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми қаҳрамонони футболи Урупо муайян шуд. Дидори тими мизбон - «Челси»-и Инглистон ва «Барселона»-и Испания бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Голҳоро Эссйен («Челси», дақиқаи 9-ум) ва Инйеста («Барселона», 90+3) ба самар расонданд. Як голи дар меҳмонӣ задаи «Барселона» испаниҳоро ба финал баровард. Зеро бозии аввали ин дастаҳо бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфта буд.

Ҳамин тариқ, бозии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонони футболи Урупо 27-уми май дар пойтахти Италия - шаҳри Рим байни тимҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Барселона» баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG