Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳо "меҳмонон"-и қазоқро роҳ надоданд


Ата Мекен-ҳизби мухолифони давлати Қирғизистон ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ба яке аз раҳбарони мухолифони Қазоқистон ва ба як рӯзноманигори қазоқ иҷоза надодаанд, ки аз марзи Қазоқистон вориди Қирғизистон шаванд. Ба Марина Собитова-раҳбари Ҳизби Сотсиал-Демократи Қазоқистон ва ба Виктор Кавтуновский-рӯзноманигори саршиноси қазоқ рӯзи душанбе дар наздикии Бишкек иҷоза надодаанд, ки марзро гузаранд. Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ин ду нафар дар феҳристи афроде ҷой дода шудаанд, ки то соли 2019 тибқи қонуни муҳоҷират ҳақи вуруд ба Қирғизистонро надоранд. Ҳизби Ата Мекен ин ду нафарро ба Қирғизистон даъват карда буд.

XS
SM
MD
LG