Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбекистон муносиботашро бо Исроил таҳким мебахшад


Ӯзбекистон дар биёбонҳои Қайроқум 500 ҳектор заминро ба Исроил пешниҳод кардааст, то дар он ҷо тарҳҳои кишоварзиро амалӣ кунад. Як ширкати исроилӣ ҳамчунин барои тасеъаи ҳамкориҳои дуҷониба иҷозаи бунёди як минтақа ё парки санъатиро дарёфт кардааст. Ҳиллел Ниюман-сафири Исроил дар Тошканд ба бахши ӯзбекии радиои Озодӣ гуфт, Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил ба нақша гирифтааст, ки аз Ӯзбекистон боздид кунад, вале санаи ин боздид дақиқ нашудааст. Ақидаи тавсеъаи ҳамкороиҳо бо Ӯзбекистон моҳи март дар ҷараёни ҷашни Наврӯз аз тарафи Авигдор Либерман-вазири умури хориҷаи нави Исроил дар Тел Авив садо дод.

XS
SM
MD
LG