Пайвандҳои дастрасӣ

Обама бо Карзай ва Зардорӣ дар Кохи Сафед вохӯрд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар мулоқоти худ бо Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ-руасои ҷамоҳири Афғонистону Покистон дар Вошингтон дар Кохи Сафед гуфт, Амрико бо Афғонистону Покистон барои саркӯбии Ал Қоъида ва муттаҳидонаш ҳамкории муассир дорад. Обама гуфт, ҳукуматҳои ин кишварҳо низ бояд барои мубориза бо шӯришиён ҳамкории наздик дошта бошанд, бар зидди шӯришиёне, ки контроли баъзе аз қисматҳои Покистон ва Афғонистонро дар ихтиёр доранд. Ба гуфтаи Обама, ба шӯришиён "набояд холигоҳ дод", то онҳо ба аҳолии маҳаллӣ ва ба амрикоиҳо таҳдид кунанд. Вай гуфт, Карзай ва Зардорӣ ҷиддияти ин тадидро эътироф мекунанд. Обама ҳамчунин қавл дод, ки нируҳои Амрико, ба истилоҳи худаш, "ҳар гуна талоши худро мекунанд", то дар Афғонистон дар даригириҳо аҳолӣ талаф наёбад.
XS
SM
MD
LG