Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди пулис бо тазоҳуркунандагон дар Тифлис


Бино ба гузоришҳои расида аз Гурҷистон, дирӯз ҳангоме, ки даҳҳо нафар ҷонибдорони мухолифон бо пулис дар Тифлис вориди задухурд шуданд, пулис чанд нафарро боздошт кард. Чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, пулиси зидди шӯриш тазоҳуркунандагонро аз сари панҷараҳо берун меандохт, чун онҳо талош доштанд, ки аз болои панҷараҳо вориди идораи пулис шаванд. Тазоҳуркунандагон ба сӯи пулис чӯбу санг меандохтанд. Бино ба гуфтаи мақомот, 22 тазоҳуркунанда ва 6 корманди пулис ҷароҳат бардоштаанд. Мухолифон тақозо мекарданд, ки 3 нафар ҷонибдорони онҳо аз боздошт раҳо шаванд. Онҳоро рӯзи сешанбе боздошт кардаанд. Идаъо мешавад, ки ин се нафар ба хабарнигоре ҳамла кардаанд.
XS
SM
MD
LG