Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қадами нави Аҳдномаи Лиссабон


Вакилони мардумии Ҷумҳурии Чех, раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо имрӯз Аҳдномаи Лиссабонро тасвиб намуданд, ки ислоҳот дар Иттиҳодияи Аврупоро пешбинӣ мекунанд. Мирек Тополанек - нахуствазири рафтагори Ҷумҳурии Чех аз сенат хост, то Аҳдномаи Лиссабонро тасвиб кунад, ки барои муаасиртар намудани тасмимгириҳои Иттиҳодияи Аврупо пешбинӣ шудааст. Акнун навбат ба Васлав Клаус – раиси ҷумҳур аст, ки санади мазкурро имзо ва ба ҷараёни тасвиби аҳднома хотима диҳад. Васлав Клаус аз мухолифони Аҳдномаи Лиссабон аст ва гуфтааст, то ҳадди мумкин ҷараёни тасвиби аҳдномаро ба таъхир хоҳанд андохт. Коре, ки Лех Катзинский раиси ҷумҳури Лаҳистон ҳам кардааст.
XS
SM
MD
LG