Пайвандҳои дастрасӣ

Маншури энержӣ ба Душанбе чӣ медиҳад?


Нирӯгоҳи Роғун - мояи аслии баҳси миёни Душанбеву Тошканд

Нирӯгоҳи Роғун - мояи аслии баҳси миёни Душанбеву Тошканд

Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин созмон ва ҳамчунин мушкилоти таъмини энержӣ ва роҳҳои ҳалли баҳсҳои энержӣ дар минтақа мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Дабири кулли Хартияи байналмилалӣ энержӣ омодагии худро барои миёнаравӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар масъалаи сохтмони нирӯгоҳҳои обӣ эълон кард.

Дабири кулли Маншур ё Хартияи энержӣ баъди мулоқоташ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе изҳор дошт, ки омода аст, барои ҳалли ихтилофот миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар мавриди тарҳҳои энержии Тоҷикистон ва бахусус бунёди нерӯгоҳи Роғун миёнҷигӣ кунад. Андрэ Мерниэ - дабири кулли Хартияи байналмилалии энержӣ гуфт: «Бале. Мо омодаем. Аммо ин кор аз иродаи сиёсии роҳбарони Ӯзбакистон ва Тоҷикистон вобаста аст. Ва агар иродаи сиёсии ҳарду кишвар бошад, албатта, мо омодаем, дар роҳи рафъи ин мушкилот мусоидат кунем ва, албатта, мо ин корро карда метавонем ва он роҳи ҳалл дорад.»

Дабири кулли Хартияи байналмилалӣ афзуд, ки ӯ аз мушкилоти камбуди энержӣ дар Тоҷикистон ва минтақа огаҳ буда, низ бар ин бовар аст, ки барои рушди арсаҳои мухталиф – чӣ дар бахши иқтисоду иҷтимоъ ва чӣ дар бахши саноат - Тоҷикистон бидуни баҳрабардорӣ аз захоири обу энержии худ чорае дигар надорад. Оқои Мерниэ таъкид кард, ки Маншури Энержӣ омодааст, барои иҷрои тарҳҳои энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва ҳамчунин Афғонистон ва Покистон, кӯмак кунад. Вай гуфт, дуруст аст, ки ин масъала миёни кишварҳои ҳамсоя бо мушкил рӯбарӯ шудааст. Аз ин рӯ, ӯ дар наздиктарин фурсат сафаре ба Ӯзбакистон анҷом хоҳад дод ва масъаларо бо мақомоти Тошканд дар миён хоҳад гузошт.

Бар изофа, афзуд дабири кулли Хартияи энержӣ, як конфаронси байналмилалие дар Люксембург то поёни моҳи ҷорӣ бо мусоидати Бонки аврупоии сармоягузорӣ баргузор хоҳад шуд ва ӯ бар ин бовар аст, ки ҳайати Тоҷикистон дар он ширкат карда, мавқеаш ва низ мушкилоти энержии минтақаро хоҳад гуфт ва дар асоси ин гузориш тарҳҳои ҷадиде рӯи кор хоҳад омад. Ҳадафи Хартияи байналмилалии энержӣ асосан ҳамин аст. Ин конфаронс, афзуд оқои Мерниэ, барои ҷалби сармоя як огаҳии хуб хоҳад буд.

Дар навбати худ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаст, Тоҷикистон аз захоири фаровони энержӣ бархӯрдор аст ва давлат ҷиҳати истифода додани он ва ҳамкорӣ бо ҳар кишвар ва созмоне, ки мехоҳад дар ин кор саҳм бигирад, омода мебошад.

Зимнан Дабири кулли Хартияи байналмилалии энержӣ иқдоми мақомоти Тоҷикистон барои истифода аз чароғҳои каммасрафро пуштибонӣ кард. Вай гуфт, ки ҳоло дар кишварҳои аврупоӣ низ талош доранд, аз фанновариҳое кор бигиранд, ки ҳарчи бештар ба сарфаи нерӯи барқ мусоидат кунад.

Маншури Энержӣ дар ибтидои солҳои 90 дар Гаагаи Ҳолланд бо мақсади рушди равобит ва рафъи мушкилот дар масоили энержӣ миёни кишварҳои Аврупо ташкил ёфтааст. Ин Хартия сипас дар 17 декаби соли 1994 дар Лиссабон аз сӯи 51 кишвар тасвиб шуд ва давлати Тоҷикистон низ узвияти онро дар ҳамон сол пазируфт.

Соли ҷорӣ ҳангоми сафараш ба кишварҳои аврупоӣ раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо Андрэ Мерниэ –дабири кулли Хартияи энержӣ мулоқот карда буд. Дар анҷоми ин дидор як баёнияи муштарак содир шуда буд, ки дар он Хартияи Энержӣ аз лоиҳаҳои энержии давлати Тоҷикистон пуштибонӣ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG