Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти нав барои маҳви Толибон


Артиши Покистон имрӯз амалиётеро алайҳи ҷангҷӯёни Толиб дар шимолуғарби он кишвар шурӯъ кардааcт. Барои ҳамла ба мавзеъҳои Толибон нерӯҳои давлатӣ аз чархболу минамётҳо истифода мекунанд. Пеш аз ин амалиёт, мақомоти расмӣ ба аҳолии Мингора як шаҳри аслии Водии Свот ҳушдор доданд, то ин шаҳрро тарк кунанд. Оташи даргириҳо дар ин шаҳру маҳалҳои атрофи он чанд рӯзи ахир аст, ки забона мезанад. Ба гуфтаи мақомот, аз рӯзи сешанбе то кунун 40 ҳазор нафар аз ин манотиқ фирор кардаанд. Артиши Покистон эълом кард, ки маъмурони амниятӣ дар ин як амалиёти нав 35 тан аз тундравонро куштаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG