Пайвандҳои дастрасӣ

Амри раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои "фаромӯш" кардани чароғҳои қадимаи пурхарҷ баъзеҳоро хурсанд ва бархеи дигарро нигарон кардааст.

Эҳтимолан дастури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои истифода аз чароғҳои нави диодӣ дар Тоҷикистон беш аз ҳама фурӯшандагони ин навъи чароғҳои барқиро хушҳол карда бошад. Ҳарчанд дар чанд моҳи гузашта ҳам бозори онҳо гарм буд, аммо аз аввали моҳи май гармтар шуд, аз ҷумла бозори ин мусоҳиби мо, ки дар як мағозаи бузурги фурӯши таҷҳизоти барқӣ, аз ҷумла чароғҳои каммасраф кор мекунад:

“Дар як рӯз аз чароғҳое, ки 12 то 14 сомонӣ арзиш доранд, аз 200 то 250 дона мефурӯшем. Аз чароғҳои арзонтар, яъне шаш то ҳафт сомонӣ то 400 дона мефурӯшем. Сифати шашсомониаш аз рӯи арзишаш ҳам пасттар аст, вале чун арзонтар аст мардум мегиранд.“

Сабаби аслии рӯ овардани ҳукумати Тоҷикистон ба ингуна чароғҳои каммасраф ва ташвиқи мардум ба истифода аз ин чароғҳо, бӯҳронҳои пайвастаи энержӣ ва камбуди нерӯи барқ аст, ки солҳои тӯлонист домани Тоҷикистонро раҳо намекунад. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба порлумон гуфт, ки агар дар Тоҷикистон мардум ба таври оммавӣ аз чароғҳои каммасраф истифода кунанд, дар тӯли як сол бештар аз 3 миллиард киловат соат нерӯи барқ сарфа хоҳад шуд. Яъне мегӯяд, Нозирҷон Ёдгорӣ - сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик”, дар як сол мардум аз талафи миқдори нерӯи барқеро пешгирӣ мекунанд, ки дар нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда ҳосил мешавад:

“Муштариёни барқ аз ҳисоби аҳолӣ, ки зиёда аз 1 миллион нафар хонаводаро ташкил медиҳанд, агар чароғҳои тафсандаро, ки нерӯи барқро зиёд мегиранд, бо чароғҳои каммасрафи диодӣ иваз кунанд, дар як сол баробари 3 миллиарду 120 миллион киловат соат нерӯи барқ сарфа мешавад, ки ин баробар аст, ба иқтидори солонаи як нерӯгоҳи барқи обӣ."

Нозирҷон Ёдгорӣ барои мутақоид кардани мардум ҷиҳати харидани чароғҳои диодӣ мисолҳои ба зиндагии мардуми Тоҷикистон бисёр наздикро ҳам меорад, ки ҳоло аксарияти онҳо аз чароғҳои волфрамӣ ва серхарҷу камумр истифода мебаранд:

“Агар мо, як оила бо ҳамин як чароғи муқаррарии 100 ваттаи имрӯза, дар як сол 51 сомониву 84 дирам сарф кунад, агар онро бо чароғи диодӣ иваз кунем, харҷи он 20 сомонӣ мешавад, яъне 31 сомониву 84 дирам буҷаи хонавода фоида мебинад, аз истифодаи як чароғ."

Яъне пуле боқӣ мемонад, ки онро метавон барои харидани як ё ду китоб ва ё васоили оддии дарсӣ барои як фарзанди хонавода сарф кард. Фоидаи истифода аз чароғҳои камхарҷро ба гуфтаи Ҷамшед Қодиров муҳарири маҷаллаи “Табиат” – нашрияи “Экоцентр”, як созмони муҳитизистии Душанбе, мардуми Тоҷикистон пеш аз дастури раиси ҷумҳур ҳам дарк карда буданд, аммо ин дастур ба гуфтаи вай таконе шуд, то теъдоди зиёде аз хонаводаҳо ҳам бахусус дар шаҳрҳо аз истифодаи чароғҳои қадима даст кашанд:

“Мардум муддати зиёде пеш аз дастури раиси ҷумҳур ҳам ба чароғҳои каммасраф рӯ оварда буданд ва дар бозорҳои Душанбе ва умуман Тоҷикистон аз ин гуна чароғҳо зиёд ворид мешуд. Мардум худаш фаҳмид, ки ҳарчанд ин чароғҳо гаронтаранд, аммо фоидаи дарозмуддат доранд ва камхарҷу хубтаранд.”

Ширкати “Барқи Тоҷик, соҳиби нерӯгоҳҳои барқӣ мегӯяд, барои намуна шудан дар зарфи як ҳафта ба истифодаи чароғҳои каммасраф гузаштааст, вале ин амри маҷбурӣ нест. Аммо бо вуҷуди тарғиби ҳаррӯзаи телевизиону радиоҳои давлатӣ ва ташвиқи матбуоти чопӣ барои истифода аз чароғҳои каммасраф мардуми камбизоати рустоҳо барои харидани чунин чароғҳо шитоб надоранд. Онҳо бо ишора ба маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои хеш мегӯянд, чароғи гароне, ки нерӯи барқ барои фурӯзон кардани он набошад, даркор нест. Дигар чизе ки ба гуфтаи Ҷамшед Қодиров, мардумро аз харидани чароғҳои каммасраф метарсонад, сифати пасти он аст:

“Мушкили азим ин чароғҳои бесифат аст. Ҳарчанд ҳоло дар Тоҷикистон миқдори зиёди чароғҳои каммасраф ҳаст, аммо бештари онҳо чароғҳои пастсифати тавлиди Чин аст. Чароғҳои беҳтар тавлиди Эрон аст, ҳарчанд чароғҳои эронӣ беҳтар ҳам бошанд, аммо мувофиқ ба меъёрҳои муқарраршуда нестанд. Агар ба касе бигӯӣ, ки бояд аз чароғҳои каммасрафро дар хонаҳоятон насб кунед, бисёре аз онҳо мегӯянд, ки масалан ман дар 15 сомонӣ чунин чароғ харидам, вале рӯзи дигар он сӯхт. Ҳамин тарафи масъала мардумро метарсонад.”

Ҳамин тарафи масъала аз ҷумла Виктор Лятский номзади илми иқтисодро ҳам нигарон кардааст. Вай дар рӯзномаи маҳаллии “Вароруд” дар вилояти Суғд навиштааст, чароғҳои каммасрафи тавлиди Чин назар ба чароғҳои маъмулӣ даҳ маротиба гаронтар буда ва зуд аз кор мемонанд. Виктор Лятский аз таҷрибаи хеш навиштааст, ки ду чароғи каммасрафи чиниро дар зарфи 7 моҳ истифода карда ва аз он 21 дирам фоида ва 14 сомонӣ зиён дидааст.

Дигар чизе, ки ба гуфтаи Ҷамшед Қодиров – муҳаррири маҷаллаи “Табиат”, метавонад, монеъи истифодаи васеъ ва оммавии чароғҳои каммасраф дар Тоҷикистон шавад, боз ҳам камбуди нерӯи барқ дар кишвар аст, ки метавонад ҳар лаҳза дар хонаи шумо қатъ шавад:

“Ин гуна чароғҳоро бояд бо назардошти шиддат ва интиқоли нерӯи барқ дар кишвар сохт. Таври маълум дар Тоҷикистон нерӯи барқ ба таври мӯътадил интиқол намешавад, гоҳе шиддаташ зиёд ва гоҳе кам аст. Аммо чароғҳои каммасраф бо назардошти интиқоли мунназам ва бо шиддати доимии нерӯи барқ сохта мешаванд ва ин номунназамӣ ва сифати пасти чароғҳо метавонад, сабаби ҳазари мардум аз чароғҳои каммасраф шавад.“

Аммо воҳимаи дигаре, ки ҳоло дар бораи чароғҳои каммасрафи барқӣ дар Тоҷикистон мекунанд, ин аст, ки гӯё он дар таркибаш моддаҳои кимиёвии зиёновар ва хатарнок барои сиҳатии инсонро дорад. Воқеъан ҳам баъзе аз ин навъи чароғҳо дар таркибашон моддаи кимиёвӣ доранд, вале ки дар сурати эҳтиёткорӣ ҳеҷ хатаре надорад, мегӯяд Владимир Чупров – раҳбари барномаи энержии созмони “Гринпис” дар Русия:

“Ҳар яке аз ин чароғҳо тақрибан 2 ва 3 миллиграм симоб доранд ва дар воқеъ ин миқдори зиёд нест ва хатари марговар ҳам надорад. Вале дар сурати шикастани ин гуна чароғҳо пеш аз тарки хона бояд дару тирезаҳои хонаро барои 15 дақиқа боз гузошт. Дар ин сурат бухори симоб аз утоқ хориҷ мешавад."

Гузашта аз ин ба гуфтаи Юрай Кривошик – мудири иҷрояи созмони “Севн”, як муаасисаи мӯътабари байналмилалии машваратӣ дар арсаи истифодаи муассири энержӣ дар Аврупо, хатаре, ки аз симоби дохили чароғҳои каммасраф хориҷ мешавад, камтар аз хатари истеҳсоли нерӯи барқ барои чароғҳои маъмулист:

“Партобҳое, ки барои тавлиди миқдори нерӯи барқ барои чароғҳои маъмулӣ ҳосил мешавад, бештар аз симоби таркиби чароғҳои каммасраф аст. Яъне олудагиҳое, ки барои тавлиди нерӯи барқ барои чароғҳо ҳосил мешавад, аз олудагиҳои таркиби ин чароғҳои барқӣ бештар аст."

Ҳарчанд созмонҳои муҳитизистии Тоҷикистон аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон барои фаромӯш кардани чароғҳои пурхарҷи қадимӣ хушҳол шудаанд, аммо ҳамин ҷанбаи масъала, яъне партоби номуносиби чароғҳои аз кормондаи каммасраф онҳоро нигарон мекунанд. Ҷамшед Қодиров муҳарири маҷаллаи “Табиат” мегӯяд:

“Албатта як чароғ хатари зиёде надорад, вале агар мардум ба таври оммавӣ ба ин навъи чароғҳо рӯ биёрад ва миқдори онҳо зиёд шавад, дар ин ҳол мо муассисаи махсус барои безарар кардани ин гуна чароғҳоро надорем. Албатта дар ин ҳолат, мардум чароғҳои азкормондаро ба сатили партоб меандозанд ва он партоб дар беҳтарин ҳолат ба партобгоҳ меафтад. Вале агар чунин нашавад, эҳтимолан чароғҳо ба дасти кӯдакон, кӯчаҳо ва ё ба ҷӯй меафтанд ва дар ниҳоят омехтаи симоб метавонад, инсонҳоро олуда созад. Ва симоб метавонад, масалан як фард ва ё тамоми наслҳои ояндаи ӯро гирифтори бемории ваҳшатноки “миномат” ва маъюбу маслуқ кунад.”

Ба гуфтаи Ҷамшед Қодиров беҳтар мебуд, то пеш аз ин ҳукумат корхонаи безараргардонии чароғҳои каммасрафро ба роҳ меандохт ва баъд аз паси ташвиқи мардум ба истифодаи чунин чароғҳо мешуд. Аммо дар Аврупо, ки бояд то соли 2011 чароғҳои қадимаи барқиро ба қавле ба хок бисупорад, ин мушкилро барвақт ҳал кардаанд. Юрай Кривошик – мудири иҷрояи созмони “Севн”:

“Чароғҳои ғайриқобилиистифодаро дар Аврупо метавонед ба мағозае, ки аз онҷо харидед, баргардонед. Ва мағозаи мазкур чароғҳоро ба ширкати месупорад, ки махсуси безараргардонии чароғҳои каммасраф аст. Дар воқеъ, чароғҳои каммасраф дар таркибашон симоб ва дигар моддаҳои кимиёвие доранд, ки дар сурати хориҷ шудан хатарнок аст, вале чунин шароите фароҳам шудааст, ки мизоҷон имкони хуб доранд, то чароғҳои ғайриқобили истифодаро баргардонанд ва ҳеҷ моддаи кимиёвӣ ҳам ба муҳити зист хориҷ нашавад. “

Орзуе, ки Ҷамшед Қодиров – муҳаррири маҷаллаи Табиат дорад ва мегӯяд, агар дар Тоҷикистон ҳам чунин мешуд, пас дастури раиси ҷумҳур ҳам “супер” буд. Дар Аврупо, ки дар амри гузаштан ба истифодаи чароғҳои каммасраф пешсаф аст, ҳоло чароғҳои қадимӣ мисли экспонат дар музейро мемонанд. Масалан дар Ҷумҳурии Чех шумо ҳоло ҳам имкон доред, ки аз он чароғҳои қадима бихаред, вақте мебинед, ки тафовути масрафи нерӯи барқи ин чароғҳо нисбат ба чароғҳои диодӣ чӣ қадр зиёд аст, ба андешаи пардохти пули барқ меафтед ва ҳамон чароғҳои гаронтарро мехаред, ки ҳеҷ камие аз чароғҳои қадима надоранд ва беш аз он ҳам рӯшанӣ мекунанд ва хонаи шуморо ҳам дар тобистон наметасфонанд.

Юрай Кривошик – мегӯяд, омори расмӣ доир ба вусъати истифода аз чароғҳои камхарҷ дар Ҷумҳурии Чех агар бошад ҳам, аммо аз они ширкатҳост, ки фош намекунанд. Вай ба хабарнигори шумо гуфт, дар ин кишвар қонуне қабул нашудааст, то ҳама ҳатман аз чароғҳои қадима даст кашанд, вале мардум ба истифодаи чароғҳои нави каммасраф бартарӣ медиҳанд:

“Мо шоҳиди он ҳастем, ки истифода ва тавлиди чароғҳои каммасраф ба таври қонеъкунанда зиёд мешавад. Ҳамчунин талаботи мардум ба чароғҳои галогениву диодӣ зиёд мешавад ва мо интизор дорем, ки иваз кардани чароғҳои кӯҳна суръат мегирад ва дар Ҷумҳурии Чех чандин тарҳҳое буданд, ки барои ташвиқи истифода аз чароғҳои камхарҷ иҷро шудаанд. “ Дар Аврупо, ки ҳамеша ба масъалаи истифодаи муассиру беталафи нерӯи барқ аҳамияти ҷиддӣ додаанд, гузаштан ба чароғҳои каммасрафро як кӯмаки бисёр хуб дар амри ҳифзи муҳити олудаи зист, медонанд. Юрай Кривошик мегӯяд: “Агар ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Чех ҳар 100 чароғи маъмулиро бо 23 чароғи каммасраф иваз мекард, ин баробар ба он мешуд, ки гӯё шумо дар як сол 365 ҳазор мошин дар кӯчаҳоро кам карда ва олудагиҳои онҳоро аз байн бурдаед. “

Аммо дар Тоҷикистон, ки нерӯгоҳҳои барқи обии безарар барои муҳити зистро дорад, ҳоло дар фикри кам кардани олудагии ҳаво нестанд, дар фикри онанд, ки чӣ гуна талафоти азими нерӯи барқро кам кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG