Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузаргоҳи марзӣ боз шуд


Гузаргоҳи марзиии байни Тоҷикистону Чин, воқеъ дар маҳалли Қулмаи ноҳияи Мурғоб ба фаъолият шурӯъ намуд.

Ба иттилоъи сардори идораи гумруки Бадахшон Мерафзун Мерафзунов, гузаргоҳ ба дунболи мулоқоти ҳайати намояндагони гумрук ва хадамоти марзбонии ду тарафи марз дар Қулма боз шудааст. Аммо гуфта мешавад, ки бар асари ҳануз барфпӯш будани ағбаҳои кӯҳи Тезаки ноҳияи Шуғнон ва Қулма ҳаракати нақлиёти борбар ҳануз дар масири Тоҷикистону Чин шурӯъ нашуда, ба муддати чанд рӯзи дигар ба таъхир афтодааст.

Дар ҳамин ҳол гурӯҳи нахустин тоҷирони тоҷик дар мавсими имсола омодагӣ мебинанд, ки 10-уми май ба воситаи гузаргоҳи Қулма вориди Чин шаванд. Саъбдавлат Шоиқиёмова гуфт, ки гурӯҳ раводиди сафорати Чин дар Тоҷикистонро дарёфт намудааст, ки барояшон имкон медиҳад тавассути роҳи наздиктарин ба Чин сафар кунанд. Ба гуфтаи тоҷирон, агарчи нархи раводид боло рафтааст, аммо барои соҳибкорони Бадахшон сафари тиҷорати тавассути Қулма аз нигоҳи сарфаи маблағ фидаовартар будааст.

Соли гузашта ҷониби Чин ба далоили амнияти дар пешорӯи бозиҳои олимпӣ вуруди шаҳрвандони тоҷикро ба Чин тавассути гузаргоҳи Қулма муваққатан манъ кард ва кулли соҳибкорони тоҷик маҷбур буданд аз хизмати ширкатҳои ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Урумчӣ истифода кунанд. Аммо бархе аз тоҷирон ин иқдомро монеаи сунъӣ ба нафъи ширкатҳои ҳавопаймоии хатсайри мазбур унвон карданд.

Аммо сардори раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатии вилоят Боймамад Алибкахшев изҳор дошт, ки чанд рӯз қабл муовини губернатори вилояти Шинҷону Уйғури Чин Темур Муҳаммад дар мулоқот бо мақомоти Бадахшони Тоҷикистон дар Хоруғ гуфт, ки имсол ҷиҳати убуру мурури марз тавассути гузаргоҳи Қулма ба шаҳрвандони тоҷик маҳдудият вуҷуд нахоҳад дошт.

Гузаргоҳи Қулма соли 2004 ба фаъолият шурӯъ карда, ҳамасола аз авоили май то то охири ноябр боз аст. Тибқи иттилои идораи гумруки Бадахшон, соли гузашта маблағи гардиши савдо тавассути гузаргоҳҳои марзи дар Бадахшон болиғ бар ҳафту ним миллион долларро ташкил карда ва зиёда аз 24 ҳазор тонна молу мавод ба кишвар ворид шудааст.
Дар ин байн 90 дарсади гардиши савдо ва воридоти мол тавассути гузаргоҳи Қулма сурат гирифтааст. Соли гузашта ҳамчунин ба воситаи ин гузаргоҳ 5 ҳазор нақлиёти сабукрав аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Чин харид ва ба кишвар ворид шудаанд.
XS
SM
MD
LG