Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ду дипломати Канадаро меронад


Русия мегӯяд, ки дар ҷавоб ба ихроҷи ду дипломаташ аз дафтари НАТО дар шаҳри Брюссел, ду дипломати Канадаро аз Маскав ихроҷ мекунад. Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, “иқдоми норафиқонаи” НАТО Маскавро маҷбур намудааст, то дипломатҳои Канадаро аз кишвар биронад. Николас Бруссе – сухангӯи сафорати Канада, гуфт, ҳукумати кишвараш аз ин рафтори Русия ибрози таасуф мекунад. Паймони Низомии НАТО ҳафтаи гузашта гуфт, дар робита ба қазияи ҷосусие, ки моҳи феврал дар Эстония шурӯъ шуд ду дипломати Русияро аз Брюссел ихроҷ мекунад. Эстония ва Канада аъзои Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG