Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нохуши Салиби Сурх аз Афғонистон


Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, бар асари ҳамлаҳои ҳавоии ҳамин ҳафта дар ғарби Афғонистон, даҳҳо нафар ғайринизомӣ ба шумули занону кӯдакон кушта шудаанд. Ҷессика Беррӣ - сухангӯи ин кумита дар шаҳри Кобул гуфт, гурӯҳи маъмурони созмон ба маҳаллаҳои ҳодиса рафта ва даҳҳо ҷасаду хонаҳои вайронро дидаанд. Пештар аз ин ҳукумати Амрико гуфт, иддаъоҳо доир ба ҳалокати 30 нафар ғайринизомӣ дар вилояти Фароҳро таҳқиқ хоҳад кард, ки гӯё бар асари ҳамлаҳои ҳавоии шоми душанбе ҷон додаанд. Қурбон шудани ғайринизомиён дар амалиётҳои нерӯҳои хориҷӣ борҳо сабаби танишҳо миёни ҳукуматҳои Афғонистон ва Амрико шудааст. Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки ин масъаларо дар мулоқоти имрӯзааш бо Барак Обама матраҳ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG