Пайвандҳои дастрасӣ

Мардикорӣ ...ба ҷои мактабу донишгоҳ


Мардикорони тоҷик дар Владивостоки Русия

Мардикорони тоҷик дар Владивостоки Русия

Нодориву фақр дар қишрҳои мухталифи ҷомеъаи Тоҷикистон ҳатто наврасонро водор ба муҳоҷирати корӣ кардааст.

Дар гузаштаҳо, вақте ки писари хонадон ба синфҳои ниҳоии мактаби миёна наздик мешуд, падару модар ва хешовандон таҳсили ояндаи фарзандашонро барномарезӣ мекарданд. Ҳоло ҳам чунин ҳаст. Вале солҳои ахир бештари хонаводаҳо ин орзуро аз сар дур кардаанд.

Мушкилиҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо ва нодорӣ онҳоро бештар ба як роҳ ҳидоят медиҳад: Фиристодани фарзанд ба муҳоҷирати корӣ, муҳоҷирате, ки рушди зеҳнии онҳоро боз медорад. Чунин муҳоҷират орзӯи истеъдодҳоро, шояд олиме, шоире, муҳандисе ё ихтироъкореро дар нахустин марҳалаи зиндагиаш мекушад ва онҳоро як умр ба нокомӣ менишонад. Коршиносон чунин равандро ҳатто кунд шудани рушди ҷомеъа низ ном мебаранд.

Дар ноҳияи Панҷакент коршиносон бар ин назаранд, ки бояд наврасон ба таври ҳатмӣ мактаби миёнаро хатм кунанд, сипас ба онҳо иҷозаи мусофират ба хориҷ ё иҷозаи муҳоҷирати корӣ дода шавад. Вале воқеъият чизи дигар аст: Муҳоҷирати кории онҳо ба қавле "ҳавову ҳавас" нест, балки зиндагӣ маҷбур мекунад, ки ҷавонони 15-16- сола ҳам аз идомаи таҳсил даст кашанд ва барои кӯмак ба хонаводаашон роҳи Русия ё кишвари дигареро пеш гиранд. Гоҳо хешовандонашон бо ишора ба ин гуна наврасону ҷавонон мегӯянд, "ҳоло зӯраш барои як хиштро болои хишт мондан ва як бел хокро дур андохтан мерасад". Баъзе падару модарон мегӯянд, фарзанди онҳо ҳунарманд аст ва дар Русия кор карда метавонад. Дар натиҷа таҳсили чунин фарзанди боҳунар ва сабақи вай дар ин сину сол бо ифтихор бо ҳамин белу хишт пайванд мегирад.

Шоҳини Равшан хабарнигори Радиои Озодӣ дар Панҷакент ин мавзӯъро дар намунаи водии Зарафшон таҳқиқ кардааст.

Барои шунидани ин гузориш дар боло аз тарафи рост дар бахши "Садо" тугмаи "Бишнавед"-ро зер кунед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG