Пайвандҳои дастрасӣ

Тамринҳои НАТО дар Гурҷистон оғоз шуд


Як рӯз баъд аз он ки Гурҷистон гуфт, ошӯберо дар яке аз пойгоҳҳои низомиаш фӯру нишондааст, паймони низомии НАТО дар ин кишвар размоишеро оғоз кард. Дар ин тамринҳои низомии якмоҳа нерӯҳои бештар аз даҳ кишвари узви НАТО ва муттаҳидони он ширкат меварзанд. Ҳукумати Русия тамринҳои Паймони Низомии Атлантикаи Шимолиро “нишон додани зӯри бозу” дар марзҳои ҷанубии худ хонда гуфт, тамринот мушкили баъди ҷанги Гурҷистону Русия Қафқози Ҷанубиро мушкилтар хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG